Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳдо ба устоди шаҳири оҳангу садои тоҷикон


Муҳаммадназар Мирзода
Муҳаммадназар Мирзода

Ин шеърро, ки дар сӯгвории ҳунарманди овозадори тоҷик Устод Зафар Нозим гуфта шудааст, раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург Муҳаммадназар Мирзода ба торнамои Озодӣ фиристодааст.

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ин раҳ ба поён меравад,
Пайғомбари созу садо бар боғи Ризвон меравад.

Оҳанги даврон меравад, Лаъли Бадахшон меравад,
Савти Зарафшон меравад, лабчанги Хатлон меравад.

Хуш тори Эрон меравад, сабки Хуросон меравад,
Устоди Афғон меравад, шамъи шабистон меравад.

Оҳанги сузи модарон, созу навои ахтарон,
Шерози шеъри тоҷикон бо Тоҷикистон меравад.

Эй сорбон, охиста рон, тунди макун бар корвон,
Лаб баста Шоҳи Булбулон, аз боғи Раштон меравад.

У меравад доманкашон, рӯ бар мазори ошиқон,
Бо Тору савти бостон, чун обшорон меравад.

Ин Шоҳи оҳангу дуруд, майхонаи кайфу суруд,
Сардафтари рубобу ъуд, бо амри Яздон меравад.

Ин Бедили Ҳиндустон, Махфии шеъри Хисравон,
Аз Саъдӣ бо ду корвон, Ҳофизи ҳиҷрон меравад.

Ӯ чун уқобон сар-сарӣ, бо лаҳни ширини дарӣ,
Оҳангро суратгаре, бе мушкилосон меравад.

Эй посбони Осмон! - Эй Зуҳра! - Эй ороми ҷон!
Ин Шамси поки хокиён пеши ту меҳмон меравад.

Эй Каҳкашон дорӣ хабар, аз савту оҳанги Зафар!
«Оллоҳу Акбар», ин сафар то шоми Кайҳон меравад.

Ин Нозими зарриндаҳан, гуяндаи сулҳи Ватан,
Мироби боғи анҷуман, сози дилу ҷон меравад.

Ӯ меравад орому хоб, шаҳре пур аз ду дида об,
Рӯ карда сӯи Офтоб, ин кони эҳсон меравад.

Эҳёгари нозу наво, ҷӯяндаи ишқу вафо,
Дар сад дилу сад дида ҷо бигрифта Инсон меравад.

Муҳаммадназар Мирзода, ш. Санкт-Петербург.
XS
SM
MD
LG