Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси бунёди масҷид дар маҳалли харобаҳои 11/9


Мақомоти Ню Йорк тасмим гирифтаанд, ки дар маҳалли харобаҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат маркази исломӣ ва масҷид бунёд кунанд

Мақомоти Ню Йорк тасмим гирифтаанд, ки дар маҳалли харобаҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат маркази исломӣ ва масҷид бунёд кунанд

Тарҳи бунёди Маркази фарҳанги исломӣ ва масҷид дар ҷои харобаҳои бурҷҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар шаҳри Ню Йорк, ки дар натиҷаи ҳамлаи маргбори террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба хок яксон шуд, баҳси доманадореро дар ҷомеаи Иёлоти Муттаҳида ба бор овардааст.

Мухолифони тарҳ мегӯянд, ки ин тасмим беҳурматӣ нисбати қурбониҳои ҳамлаи террористӣ аст. Тарафдорони бунёди масҷид бар ин назаранд, ки ин тарҳ баёни озодиии мазҳабӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионӣ хоҳад буд.

Мухолифон ба он тамаркуз мекунанд, ки илова ба толорҳои мулоқот, ҳавзи шиноварӣ ва маркази фарҳангӣ дар ин бинои 13-қабата, ки беш аз 100 миллион доллар арзиш хоҳад дошт, масҷид низ ҷойгир мешавад.

Назари мухолифон

Аз замони эълони тарҳи сохтмони бино аввалҳои соли ҷорӣ, нақша баҳсҳои оташинро ангезиш дод. Мунаққидони тарҳ мегӯянд, ки ҳамларо пайравони дини Ислом анҷом додаанд ва ба ҳамин хотир ҳам бунёди масҷид беҳурматӣ ба хотираи қурбониҳои ин ҳамла хоҳад буд.

Бар асари ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 ду бурҷи маъруфи Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк ба хок яксон ва беш аз се ҳазор нафар кушта шуд
Ин мавзӯъ ба доғтарин мавзуи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои радиёву телевизионӣ Амрико табдил шудааст.

Сиёсатмадорони муҳофизакор ин имконро барои касби холҳои сиёсӣ истифода бурданд. Ба вижа садоҳои Сара Пелин, собиқ волии аёлати Аласка ва Нют Гиндрич, собиқ раиси Конгреси Амрико баланд буд. Дар тафовут аз онҳо аксарияти намояндагони Ҳизби демократ аз мусоҳиба бо матбуот худдорӣ мекарданд ва хомуш буданд. Дафтари Чак Шумер, сенатор аз Ню Йорк, гуфт, ки муухолифи тарҳ нест.

Мавқеъгирии Кохи сафед

Кохи сафед бошад аз ширкат дар ин баҳс худдорӣ мекунад. Ҳафтаи ҷорӣ дар тасвиби тарҳ охирин нуқтаи бюрократӣ гузошта шуд. Комиссия тақсимоти замин ва ҳифзи осорҳои таърихӣ тасмим гирифт, ки бинои 152-солае, ки дар ҷои он бояд марказ бунёд шавад, арзиши таърихӣ надорад ва онро мешавад тахриб кард.

Ин дар ҳолест, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки сохтмони масҷид таҷлили хотираи қотилони амрикоиҳо мебошад. Ҳозирин тасмимро бо шиорҳои “Шарм доред!” ва таъна истиқбол намуданд.

Оз Султон, сухангӯи тарҳи бунёди масҷид гуфт, “мо мехоҳем намунаеро бунёд кунем ва ба ҳама намоиш диҳем, ки мешавад ҷомеаи исломии ҳозиразамон сохт.”

Ҷонибдории яҳудиҳо аз тарҳи масҷид

Мавқеи созмони муҳофизони ҳуқуқи яҳудиҳо “Anti-Defamation League” баъзе таҳлилгаронро ба тааҷҷуб овард. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки созмон тарҳро дастгирӣ мекунад ва ин тарҳ ҳаққи қонунӣ дорад. Ҳамзамон гурӯҳ изҳороти сарсахтназаронаро дар мавриди бунёди маркази исломӣ маҳкум кард.

Аммо дар баёнияи созмон инчунин гуфта мешавад, ки ин мавзуи ҳуқуқӣ нест, балки мавзуи дурустӣ ё нодурустии ин амал аст. Ва азбаски масҷид дар сояи Марказӣ ҷаҳонии тиҷорат бунёд мешавад, он ба қурбониҳои ҳамла дарди иловагӣ мерасонад ва ин, ба гуфтаи созмон, нодуруст аст.

Иброҳим Ҳупер, сухангӯи Маркази робитаҳои Амрико ва Ислом, гуфт, “мухолифини бунёди маркази исломӣ кӯшиш мекунанд, ин биноро ба ҳайси як масҷиди бениҳоят бузург намоиш диҳанд. Ба ҳамин хотир ҳам тамоми мафкураҳои муқаддамотии мухолифон нодурустанд ва онҳо ин дағдағаро барои рӯпуш кардани ақидаҳои сарсахтонаи худ истифода мебаранд.”

Вай афзуд, ки “баҳсҳоро афроде ангезиш медиҳанд, ки мавқеи зиддиисломӣ доранд ва ба онҳо маҳалли бунёди масҷид фарқ надорад онҳо дар ҳар сурат мухолифи сохтмони масҷид дар қаламрави Амрикоанд. Ҳадафи аслии ин ашхос эҷоди тафриқа миёни амрикоиҳои мусалмон ва ғайри мусалмон мебошад”.

Мири Ню Йорк: Мухолифат ба тарҳи масҷид хиёнат аст

Ин дар ҳолест, ки тарҳро шаҳрдори Ню Йорк миллиардер Майкл Блумберг ҳимоят мекунад. Дар нишасти матбуотӣ Блумберг бисёр бо ҳаяҷон тасмими комиссияро истиқбол намуд:

“Маркази ҷаҳонии тиҷорат то абад дар шаҳри мо ва дилҳои мо ҷой вижа хоҳад дошт. Аммо мо ба беҳтарин ҷониби худ, ҳамчун сокинони Ню Йорк ва амрикоиҳо хиёнат хоҳем кард, агар ба сохтмони масҷид дар Манхеттени поёни иҷозат надиҳем. Биёед фаромуш накунем, ки миёни қурбониҳои 11-уми сентябр мусалмонон низ буданд ва фаромуш накунем, ки мусалмонони ҳамсояамон дар баробари мо ҳамчун ню-йоркиҳо ва амрикоиҳои андӯҳгин буданд.”

Маркази амрикоии қонун ва адолат, ки аз ҷониби муҳофизакори ҷумҳурихоҳ Пэт Робертсон таъсис шудааст, барои иҷозати бунёди масҷид алайҳи шаҳрдории Ню Йорк ба додгоҳ шикоят кард, аммо вакилони дифоъи шаҳрдорӣ бовар доранд, ки додгоҳ қонуни будани иҷозатро тасдиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG