Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон барои рафъи офат ба миллиардҳо доллар ниёз дорад


Фиристодаи вижаи Амрико барои фоҷеаи селобҳо дар Покистон мегӯяд, ин кишвар ба миллиардҳо доллар кӯмак ниёд дорад, то оқибатҳои бадтарин селобҳо дар таърихи худро рафъ созад. Жан Морис Риперт ба хабаргузории Ассошиетед Пресс гуфт, Покистон садҳо миллион доллар дар ҷараёни ин офатҳо дархост хоҳад кард, вале барои рафъи оқибатҳои офат дар моҳҳои оянда ва солҳои оянда ин дархост ба миллиардҳо доллар хоҳад расид. Вай афзуд, СММ мизони тақрибии сармоягузориро ҳисоб мекунад. Ин сармояҳо барои рафъи офат дар вилояти Хайбар Пахтунхво зарур хоҳад буд. Дар ин офатҳо 1 600 нафар қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG