Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд нишасти вазирони хориҷа ба поён расид


Хабаргузории милии Узбакистон бо номи УзА иттилоъ додааст, ки дар Тошканд севвумин мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи "Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" ба поён расид. Дар он вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Узбакистону Ҷопон ширкат доштанд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Самтҳои бартаридоштаи ҳамкориҳо бо Ҷопон низ дар ин мулоқот барои баррасӣ матраҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG