Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боронҳои бештар интиқоли кӯмакҳоро мушкил кардааст


Дар Покистон мақомот барои кӯмак ба миллионҳо нафар осебдидагони селобҳои бесобиқа дар таърихи ин кишвар мубориза мекунанд. Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазир дирӯз дар аёлати Сингҳ аз манотиқи осебдида боздид кард ва хостори кӯмакҳои бештар шуд. Мақомот мегӯянд, ҳавои бад имкон намедиҳад, ки чархболҳо ба ҳаво хезанд ва маводи имдодиро ба осебдидагон интиқол диҳанд. Дар аёлати Сингҳ дар манотиқи аҳолинишини канори рӯдхонаи Ҳинд, ки то ҳол дар он ҷо хатар аз миён нарафтааст, вазъи изтирорӣ эълон шудааст. Ҳавошиносон ҳушдор додаанд, ки дар рӯзҳои оянда боронҳои шадид дар ин манотиқ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG