Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон кушторҳои ҳафтаи гузаштаро маҳкум кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико эъломияе мунташир ва кушторҳои ҳафтаи гузаштаро амали манфур ва хушунати бедалел арзёбӣ кард. Ҳафтаи гузашта 10 корманди беҳдошт кушта шуданд, ки бино ба гузоришҳо, 8 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Генерал Ҷозеф Блотз-сухангӯи нируҳои НАТО ва АЙСАФ дар Афғонистон дар ин бора чунин мегӯяд:

"Аз нуқтаи назари АЙСАФ ин ҳодисаи хеле ва хеле фоҷеаовар аст. АЙСАФ ин хушунатро, ки сабаби фоҷеа, ҳодисаи ҳузновар шудааст, маҳкум мекунад. Ман фикр мекунам, ки ин яке дигар аз сабабҳоест, ки мо фаъолиятамонро хуб ҳамоҳанг созем. Дар қадами аввал амният дар роҳи Нуристон то Бадахшон масъулияти Афғонистон аст".


Вазорати дохилаи Афғонистон расидагӣ ба ин кушторҳоро оғоз кардааст. Қаблан иддао шуда буд, ки ин кушторҳоро Толибон анҷом додаанд. Ҷасади кушташудагонро рӯзи ҷумъа дар вилояти Бадахшони Афғонистон пайдо карданд. Дар гузоришҳои аввалия омада буд, ки аз кушташудагон 6 нафар амрикоӣ, як бритонёӣ, як олмонӣ ва 2 афғон будаанд. НАТО низ ин кушторҳоро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG