Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мусалмонон ба оғози моҳи Рамазон


То чанд рӯзи дигар тақрибан якуним миллиард пайрави дини Ислом дар саросари ҷаҳон вориди моҳи шарифи Рамазон мешаванд. Мусалмонон тайи ин моҳ то нишастани офтоб ва расидани шом аз истеъмоли ғизову нӯшокӣ ва равобити ҷинсӣ дар тӯли рӯз парҳез мекунанд. Рамазон дар бархе кишварҳо аз 10 август ва дар бархеи дигар аз 11 август шурӯъ мешавад. Дар Тоҷикистон 11 августро оғози ин моҳи шариф таъйин кардаанд.
Моҳи Рамазонро Иди саиди Фитр, аз бузургтарин идҳои мазҳабии мусалмонон ҳусни анҷом мебахшад.
XS
SM
MD
LG