Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 8 август солгарди дуввуми ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон бар сари Осетияи ҷанубист. Ҷанги кӯтоҳе, ки дар моҳи августи соли 2008 бо осемасарона ақиб нишастани нирӯҳои гурҷӣ ва ишғоли Осетияи ҷанубиву Абхозистон, ҳарду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон аз сӯи нирӯҳои артиши Русия ва ҳатто ба дохили қаламрави худи Гурҷистон пеш рафтани онҳо анҷом шуд.

Русия, Чавез ва… Науру

Русия танҳо дар пайи талабҳои мукаррари кишварҳои Ғарб нирӯҳояшро аз дохили Гурҷистон пас кашид, вале дар Осетияи ҷанубиву Абхозистон монд ва ҳамагӣ баъди чанд рӯзи анҷоми ҷанг истиқлолияти ҳардуро эътироф кард.

Маскав умедвор буд, ки муттаҳидинаш дар паҳнои шӯравии собиқ, бавижа Беларус, аз ин иқдом пайравӣ хоҳанд кард, вале то имрӯз ҳеҷ кадоме аз кишварҳои пасошӯравӣ аз Русия дар ин роҳ ҳимоят накардааст ва тайи ин ду соли гузашта аз эътирофи истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ дар ҷаҳон низ ҳамагӣ 3 кишвар – Венесуэла, Никарагуа ва ҷазираи хурде дар Уқёнуси Ором бо номи Науру Сухумиву Тсхинвалиро ба расмият шинохтаанду халос.

Дар ҳар сурат, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки дар солгарди аввали ҷанги Русия бо Гурҷистон ба Осетияи ҷанубӣ сафар карда буд, имсол солгарди дуввуми ин ҷангро дар Абхозистон истиқбол гирифт.

Ӯ тайи ин сафари аз қабл эълонношуда дар Сухумӣ бо раҳбари ҷудоиталаби ин минтақа Сергей Багапш мулоқот карда ва равобити комили сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии кишварашро ба мақомоти Абхозистон ваъда супурдааст.

Медведев дар Абхозистон гуфт, эътирофи истиқлолияти ин ду минтақаи ҷудоихоҳ тасмиме барои Маскав мушкил, вале зарур буд: “Он тасмиме ки Русия танҳо баъд аз анҷоми марҳалаи ҷангии ин низоъ гирифт, тасмиме сахту мураккаб буд, вале тавре гузашти вақт нишон дод, дуруст буд.”

Ҷанг масоилро равшантар кард

Ғиё Нодия, профессори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи ба номи Иля Чавчавадзеи шаҳри Тифлис мегӯяд, ҳадафи Русия тағйири бунёдии мақом ва ҷойгоҳаш дар паҳнои пасошӯравӣ ва нуқтаи таммат гузоштан ба нодидагириҳои Ғарб аз ҳузури Маскав дар ин саҳнаву ин майдон буд, вале:

“Дар ибтидо чунин ба назар меомад, ки ин ҷанг ҳама чиро дар минтақа ба ҳам зада, тағйироти саросариеро ба вуҷуд меорад. Аммо чизе зиёд дигар нашуд. Аммо натиҷаи асосии ҷанг рӯшантар шудани масъалаи Абхозистону Осетияи ҷанубист. Феълан низоъи Гурҷистон бо Абхозистон ва бо Осетияи ҷанубӣ амалан аз байн рафта, ин ҳарду ба як низоъи байни Гурҷистон ва Русия табдил ёфтааст. Низоъе, ки ҳаллаш хеле тӯл хоҳад кашид. Гурҷистон аз ҳаққи худ ба қаламраваш даст нахоҳад кашид. Аммо Русия низ қарорашро тағйир нахоҳад дод”.

Саакашвилӣ монд

Ғиё Нодия аммо мегӯяд, бо фарқ аз Украина, ки акнун дар он ҷо ёрони Маскав ба қудрат расидаанд, раҳбарони Русия тайи ин 2 соли сипаришуда аз ҷанги моҳи августи соли 2008 дар Гурҷистон натавонистанд ба ҳадафи асосии худ – барандохтани давлати Михаил Саакашвилӣ даст биёбад.

Саакашвилӣ ҳамчунон дар мақоми раёсати ин ҷумҳурист ва раисиҷумҳуру сарвазири Русия Дмитрий Медведев ва Владимир Путин ҳамчунон ҳар навъ музокира бо ӯву давлати ӯро қабул надоранд.

Саакашвилӣ ҳам дар арафаи солгарди дуввуми ҷанг дар пои мазори сарбозони гурҷии дар августи соли 2008 кушташуда гуфтааст, ки “душман” натавонист ба аҳдофи асосии эълон кардааш бирасад ва бо табдили ҳукумат Гурҷистонро аз масири сиёсии интихобкардааш пас бигардонад.

Садде дар роҳи НАТО

Вале дар маҳофили Гурҷистон имрӯзҳо бештар рӯи бохтҳои кишвар дар ин ҷанг таъкид мекунанд, то ба маҳфуз мондани курсии раҳбарии Михаил Саакашвилӣ. Як гилаи ин маҳофил аз Саакашвилист, ки худро ба доми гузоштаи Русия андохт ва бо ин ҷанг дари паймони низомии НАТО-ро ба рӯи Гурҷистон, тавре ҳам ки Маскав мехост, баст.

Ба эътиқоди коршиносони гурҷӣ, Русия барои кӯтоҳмуддат тавонист тавсиъаи НАТО ба сӯи минтақаи Қафқозро нигоҳ дорад ва ба як бурди тактикӣ ноил шавад, вале суол инҷост, ки оё дар миқёси дарозмуддат ҳам инро бояд бурд талаққӣ кард ё бохти Маскав.

Арчил Гегешидзе аз Бунёди таҳқиқоти стротеживу байналмилалии Гурҷистон, барои мисол, ба тағйир накардани хатти машши сиёсати хориҷии Тифлис ва сиёсатии Ғарб таъкид мекунад ва мегӯяд, ин воқеъият аҳамияти бурдҳои кӯтоҳмуддати Русияро як андоза зери соя қарор медиҳад.

Ираклий Аладашвилӣ, таҳлилгари масоили низомӣ аз Гурҷистон дар ин робита мегӯяд: “Пойгоҳҳои низомии Русия дар ин ду минтақа, ки ҳамарӯза таҳкими бештар меёбанд, батадриҷ нафақат барои Гурҷистон, балкӣ барои тамоми Қафқози ҷанубӣ таҳдид эҷод хоҳад кард. Ва ҳам нафақат барои ҷануби Қафқоз, балкӣ ин пойгоҳҳо ба оҳистагӣ ба аъзои НАТО ҳам таҳдид эҷод мекунанд. Аз ҷумла ба Туркия ва ба манофеъи НАТО дар баҳри Сиёҳ.”

Сӯҳбат аз бохтҳои Тифлис

Бардошти бештари таҳлилгарони гурҷӣ чунин аст, ки амалан Тифлис ҳарду вилояти ҷудоиталабашро аз даст дод ва бо вуҷуди ҳимояти Ғарб натавонист ба хуруҷи нирӯҳои Русия аз Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ноил шавад.

Даҳҳо ҳазор беҷошудагон то ҳол наметавонанд ба маҳалли зисти худ баргарданд, артиши бегона дар фосилаи кӯтоҳе аз пойтахти Гурҷистон камин гирифтааст ва Маскав мисле, ки аз тасмимаш ҷиҳати ба расмият шинохтани Сухумиву Тсхинвалӣ дигар ақиб нахоҳад нишаст. Ҳатто дар сурати табдили давлати Саакашвилӣ.

Аммо худи Михаил Саакашвилӣ, ки дар солгарди дуввуми ҷанг ба хотири ширкат дар маросими адои савганди раисиҷумҳури нави Колумбия дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ қарор дорад, дар як паёми вижа аз Колумбия мубориза бо “ишғолгарон”-ро аз муҳимтарин вазифаҳои давлати худ ном бурд.

Вай тааҳҳуд супурдааст, ки онҳо ин муборизаро то охир, то канда шудани пойи охирин сарбози “ишғолгар”, манзур нэрӯҳои Русия, идома дода, Гурҷистонро озод хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG