Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Тифлис аз сафари Медведев ба Абхозистон


Гурҷистон сафари имрӯзаи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба минтақаи ҷудоиталаби Абхозистонро интиқод кард. Муовини сарвазири Русия Темур Якобашвилӣ гуфт, ин сафар чизеро дар Қафқоз дигар намекунад ва ҳадафи Медведев танҳо ба самти дигар кашидани таваҷҷӯҳ аз мушкилоти дохилии Русия аст, ки бо сӯхторҳо дастбагиребон шудааст.
Медведев имрӯз дар солгарди дуввуми ҷанги Русияву Гурҷистон бо як сафари аз қабл эълонношуда вориди Абхозистон шуд. Медведев бо раҳбари Абхозистон Сергей Багапш мулоқот карда, ба Абхозистон равобити комили сиёсиву иқтисодӣ ва амниятиро ваъда дод. Ӯ гуфт, ки аз тасмими худ пушаймон нест: “Он тасмиме ки Русия танҳо баъд аз анҷоми марҳалаи ҷангии ин низоъ гирифт, тасмиме сахту мураккаб буд, вале тавре гузашти вақт нишон дод, дуруст буд.”
Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 истиқлолияти ҳам Абхозистон ва ҳам Осетияи ҷанубӣ, ҳарду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG