Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде аз табори пури Сино


Пизишки тоҷик Зиёратшо Қодиров
Пизишки тоҷик Зиёратшо Қодиров

Ҳамдиёрони пизишки тоҷик Зиёратшо Қодиров, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ҳар тобистон чашм ба роҳи ӯ ҳастанд. Вай ҳар тобистон даҳҳо нафар аз ҳамдиёрони бемори худро ба таври ройгон табобат менамояд.

Саидҷони Ҳасанзод, як сокини Душанберо аст, ки аз табиби машҳури тоҷик Зиёратшо Қодиров арзи сипос мекунад. Вай мегӯяд солҳои зиёд аз дарди гурда ранч мекашид ва барои амалиёти чарроҳӣ маблағ надошт.

Саидҷон гуфт, бо шунидани он, ки профессор Зиёратшо Қодиров ҳамасола дар зодгоҳаш ноҳияи Рашт ба таври ройгон чарроҳӣ мекунад, аввал бовар накард.

Ва аммо инак Сайидҷон мегӯяд, ӯ худро сиҳат эҳсос мекунад. «Омадам ҳамааш рост баромад. Зиёратшоҳ маро бо чеҳраи кушод пазируфт ва дар як амалиёти ҷароҳии мураккаб худованд дигарбора ба ман саломатӣ дод».

Зиёратшоҳ вазифаи ватандории худро иҷро мекунад

Аммо ҳарчанд чунин як кор дар шароити феълӣ ҳатто барои бисёриҳо боварнакарданист, худи Зиёратшо Қодиров мегӯяд, фақат ин як вазифаи ватандории ӯ дар назди миллат будааст. Вай гуфт, давоми 12 сол аст, ки ба ҳангоми мураххасӣ аз Маскав ба Ғарм меояд ва ин ҷо ба афроди эҳтиёҷманд кӯмак мекунад.

«Аввалин маротиба соли 1998 ба ин ҷо омадам. Бемористон дар як ҳолати нохуб қарор дошт. Фикр кардам бояд ба ҳамдиёрони худ кӯмак намоям. Умуман дар бештари вақт нафаронеро ҷарроҳӣ мекунам, ки аз мардуми камбизоат ҳастанд».

Профессор Зиёратшо Қодиров, ки хатмкардаи донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, феълан дар Донишкадаи умумирусиягии бемориҳои урологии Маскав кору фаъолият мекунад. Бо вуҷуди аз ватан дур будан, Зиёратшо Қодиров мегӯяд, ҳузури ӯ дар Русия барои муҳоҷирини тоҷик бефоида набудааст.

«На танҳо ман, ҳама табибони варзидаи тоҷик, ки имрӯз дар Маскав кору фаъолият доранд, ба ҳамватанони муҳоҷир кумак мекунем. Бисёранд муҳоҷирине, ки муроҷиат мекунанд ва мо табобату ҷарроҳӣ мекунем. Пеш аз омаданам як нафар тоҷик, ки барои амалиёти ҷароҳӣ аз ӯ 400 ҳазор рубли русӣ талаб кардаанд, шогирдонам дар шаҳри Красноярскии Русия ба таври ройгон ӯро ҷарроҳӣ кардаанд».

Тибби тоҷик ниёз ба пешравӣ дорад

Аммо ин қаҳрамони гузориши мо бо изҳори таассуф мегӯяд, имрӯз тибби муосири тоҷик дар истифодаи аз фановариҳои ҷаҳонӣ хеле қафо мондааст. Вай гуфт, дастрасӣ бо ин фановариҳо ва тарбияи мутахассисони ҷавон аз авомили пешрафти тибби тоҷик хоҳад буд.

Вай дар мисоли беморхони марказии Рашт, ки дар бештари вақт ба зиёда аз 300 ҳазор аҳолии минтақа хидмат мекунад гуфт, ин ҷо оддитарин фановариҳои зарурӣ барои амалиёти ҷарроҳӣ қариб ки вуҷуд надорад.

«Мисол мегирем, калгулятор - асбобе, ки хунро қарор медиҳад, танҳо як дона ҳаст, аммо он ҳам фарсудаву кӯҳна шудааст. Хурдтарин беморхонаҳои Русия дастгоҳе бо номи фистаскоп доранд, аммо дар ин ҷо нест. Дастгоҳи ултрасадоро гирем, гоҳе санг нишон медиҳад ва дафъаи дуввум бубинем, санг нест, яъне кӯҳна ва корношоям шудааст. Агар мо хоҳем, ки тибби тоҷик рушд кунад, бояд ҳарчи бештар фанновариҳои муосирро ба Тоҷикистон ворид созем, ва ҳамзамон ҷавононро тарбият намоем. Ҳозир тибби дунё хеле пеш рафтааст. Мисол, дар Амрико бисёре аз беморони урологӣ, агар ҳамон беморхонае, ки робот надошта бошад, ҷарроҳӣ намекунанд. Зеро ҳарчанд роботро инсон идора кунад ҳам, бартариаш он аст, ки ҷарроҳие, ки тавассути робот анҷом мешавад, дақиқ будааст».

Вале бо ин ҳама Зиёратшо Қодиров дар ин солҳои наздик мақсади баргаштан ба Тоҷикистонро надоштааст, зеро мегӯяд, давоми даҳ сол дар беҳтарин донишкадаҳои Фаронса, Олмон ва Амрико таҷриба омӯхтаву кор кардаааст:

«Ба он таҷҳизоте, ки дар Русия кор мекунем, ин ҷо вуҷуд надоранд. Ҳатто мутахассисони латораскапия дар Русия ангуштшумор ҳастанд. Агар ба ватан баргардам, ҳама он чизе, ки омӯхтаам аз набуди таҷҳизот ба кор намеояд».

Табобат бо услуби нав

Ва дар ҳамин ҳол, номзади илми тиб ва муаллими донишгоҳи тибби Тоҷикистон Шоҳонов Абдувалӣ, ки барои такмили ихтисос ва ширкат дар амалиётҳои ҷароҳии Зиёратшо Қодиров ба Ғарм омадаааст, дар робита фаъолияти устодаш гуфт:

«Ин ҷо ӯ ҷарроҳиҳоеро анҷом медиҳад, ки дар ноҳияҳо аз ӯҳдаи он баромада наметавонанд. Ӯ дар ин ҷо кореро мекунад, ки аз охирин навгониҳо дар ҷарроҳиҳои урологӣ маҳсуб мешавад. Ба гунаи мисол, гирифтани гӯшти зиёдатӣ бо усули аз паси сурин, яъне масонаро нокушода ҳамон омосро мегиранд. Инак дар давоми даҳ рӯз 5-6 амалиёти ҷарроҳии ӯ муваффақ будааст. Аз сӯи дигар, табибони маҳаллӣ дар ин як моҳ метавонанд бисёре чизҳоро аз Зиёратшо Қодиров омӯзанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиноси маҳаллӣ Собирчон Ҷонов аз ӯ як табиби мардумӣ ном мебарад, ки давоми ин ҳама солҳо аз касе чизе тамаъ накардааст:

«Бисёриҳоро медонанд, ки мардум моҳҳо интизор мешаванд, ки кай Зиёратшо меояд ва онҳоро ҷарроҳӣ мекунад. Мардуми водии Рашт ӯро дӯст медоранд ва ба мисли як фарзанд ба вай муносибат мекунанд».

Зиёратшо Қодиров 50 сол дорад ва ҳанӯз дар 37-солагӣ унвони профессориро дар Маскав соҳиб шудааст. Вай гуфт, худро дар зиндагӣ хушбахт меҳисобад, ки худованд ӯро барои хидмати мардум офаридааст.
XS
SM
MD
LG