Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди ғайримунтазираи Медведев аз Абхозистон


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар солгарди дуввуми ҷанги Русияву Гурҷистон бо як сафари аз қабл эълонношуда вориди Абхозистон, яке аз ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон шуд. Медведев бо раҳбари Абхозистон Сергей Багапш мулоқоте анҷом дода ва аз садде, ки шаҳри Сухумӣ дар соҳили баҳри Сиёҳ сохта шудааст, дидан кард.
Ӯ ба Абхозистон равобити комили сиёсиву иқтисодӣ ва амниятиро ваъда додааст.
Ин боздид яқинан мояи хашми давлати Гурҷистон хоҳад шуд. Тифлия Абхозистонро бахши ҷудоинопазири Гурҷистон медонад.
Дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 Русия истиқлолияти ҳам Абхозистон ва ҳам Осетияи ҷанубӣ, минтақаи дуввуми ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кард. То ҳол танҳо 3 кишвари дигар дар ин амр ба Маскав пайравӣ карда, вале Ғарб ин иқдомро маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG