Пайвандҳои дастрасӣ

Машқи шабонаи нирӯҳои баҳрии Кореяи ҷанубӣ


Кореяи ҷанубӣ дар баҳри Зард машқҳои густардаи шабонаеро ба роҳ андохтааст, ки ҳадаф аз он ошкор кардани киштиҳои зеридарёии Кореяи шимолист. Ин машқҳои шабона бахше аз тамринҳои бузургтари панҷрӯзаи баҳрист, ки дар посух ба ҳамлаи Кореяи шимолӣ ба як киштии ҷангии Кореяи ҷанубӣ дар моҳи март анҷом мешавад. Бар асари он ҳамла, ки Пхенян даст доштанаш дар онро радд мекунад, 46 маллоҳ кушта шуд.
Кореяи шимолӣ таҳдид кардааст, ки ба силсилаи машқҳои низомии ахири Сеул посух хоҳад дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG