Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярч дар Тибет дастикам 80 кушта ба ҷо гузошт


Синхуа, хабаргузории расмии Чин мегӯяд, дар пайи боришоти шадиди ахир бар асари ярч дар як минтақаи умдатан тибетинишин дар шимолуғарби ин кишвар дастикам 80 нафар кушта шуданд. Ярч шоми шанбе ноҳияи мухтори Ганнони Тибет дар вилояти Гансуро асобат кардааст. Сарвазири Чин Вен Ҷибао имрӯз ба минтақаи осебдида сафар кард.
Телевизиони Чин хабар дод, ки бар изофаи 80 кушташуда ҳудуди 2000 нафари дигар дар пайи ҳамлаи ярч беномунишон боқӣ мемонанд. Бино ба хабарҳо, барои кӯмак ба амалиёти наҷот ба ин минтақа сарбозони артиш низ сафарбар шудаанд.
Бино ба гузоришҳои қаблӣ, бар асари обхезиҳо дар Чин танҳо дар соли равон беш аз 1100 нафар ҳалок шуда, садҳо тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG