Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати варзишкори рус дар сауна


Сабқати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба саунанишинӣ дар пайи ҳалокати бозигари рус қатъ шуд. Раҳбари мусобиқот Оссӣ Арвела гуфт, рақобати ниҳоӣ дар ҳарорати 110 дараҷа, тибқи ҷадвали Селсий байни Владимир Ладиженский аз Русия ва қаҳрамони кунунии ҷаҳон Тимо Кауконен аз Финландия идома дошт, вале ин рақобати шашдақиқаӣ дар пайи ҳалокати Ладиженский қатъ карда шуд. Кауконенро низ ба бемористон бурдаанд. Пулис ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.
Мусобиқоти қаҳрамонии саунаи ҷаҳон аз соли 1999 ба ин сӯ баргузор мешуд.
XS
SM
MD
LG