Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 5 сарбози хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон


5 сарбози НАТО, бо шумули 2 амрикоӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд.
Нирӯҳои ISAF мегӯянд, рӯзи шанбе як сарбоз, ки миллияташ оварда нашудааст, бар асари таркиши бомби худсохт ва ду амрикоӣ дар ҷараёни ҳамлаи чирикиҳо ба ҳалокат расиданд. Ду сарбози Дания низ рӯзи шанбе бар асари дар вилояти Ҳилманд ба бомби рӯироҳ бархӯрдани зиреҳпӯши онҳо ҷон бохтаанд. Бино бар ҳисоби хабаргузории Франс Пресс, ҷамъи талафоти ҷонии нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар соли ҷорӣ акнун ба 422 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG