Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи кори фурӯдгоҳҳои Маскав бар асари олудагии ҳаво


Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамакнун дар 400 нуқтаи ин кишвар оташсӯзӣ идома дорад ва шумораи қурбониёни оташсӯзӣ дар Русия ба 50 тан расидааст. Ҳамзамон фаъолияти фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав бар асари дуди ғализи оташсӯзиҳои ахир фалаҷ шуда, дар ҳолати изтирорӣ қарор гирифтааст.

Ит оташсӯзӣ боиси олудагии шадиди ҳаво дар пойтахти ин кишвар шуда ва дастикам даҳҳо ҳавопаймо натавонистаанд дар фурӯдгоҳҳои пойтахти Русия фурӯд оянд.

Олудагии бесобиқаи ҳаво дар Маскав

Дар фурудгоҳҳои Домодедово, Шереметово ва Внуковои Маскав беш аз 100 парвоз мутаваққиф, шуда садҳо нафар аз мусофиронро дар ҳолати нигаронӣ қарор додааст.

Бисёре аз парвозҳо ба сӯи пойтахт, хатти сайри худро тағйир дода дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қазон ва Воронеж фуруд омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба сабаби олудагии шадиди обу ҳаво, иддае аз сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ фаъолияти худро ба таври муваққатӣ мутаваққиф сохта аз сафар кардани шаҳрвандони худ ба Маскав ҳушдор додаанд.

Бисёре аз мардум дар шаҳр аз моск ва ё рӯбандҳои зидди ғубор истифода мекунанд. Мақомоти Маскав дар нуқтаҳои шаҳр марказҳои имдодӣ ташкил намуда ва бемористонҳои шаҳр дар рӯзи истироҳат низ ба фаъолияти худ идома додаанд.

Ба гуфтаи ҳавошиносон, интизор меравад олудагии ҳаво дар Маскав то рӯзи сешанбе идома пайдо кунад.


Ҳукумат барои зарардидагон хона месозад


Ҳамзамон Кремл эълон кардааст, ки ду ҳазор хона барои қурбониёни ин оташсузӣ хоҳад сохт.

Дар пайи сӯхтани як пойгоҳи неруҳои дарёии Русия дар атрофи шаҳти Маскав, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури ин кишвар, рӯзи панҷшанбеи гузашта, шуморе аз мақомҳои низомии русро ба хотири нотавонӣ ба муқобила бо ин ҳодиса барканор кард.

Аз тарафи дигар, дар пайи хушксолӣ ва гармои бесобиқа дар Русия, Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар, содироти ғалларо муваққатан мамнуъ эълон кард.

Нахуствазири Руссия дар нишасти кобинаи кишвараш гуфтааст, ки ин иқдом аз ҷумла барои пешгирӣ аз боло рафтани баҳои маводи ғизоӣ дар пеш гирифта шудааст.

Тасмими нахуствазири Руссия дар ҳоле эълон шуд, ки ин кишвар бар асари гармои бесобиқа бо оташсузиҳои густурда ва тахриби 20% дарсад аз маҳсулоти ғаллаи худ рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG