Пайвандҳои дастрасӣ

"Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон" поён ёфт


Рӯзи шанбе дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон таҳти раёсати вазири хориҷаи ин кишвар Владимир Норов ҷаласаи севвуми машваратӣ дар чаҳорчӯби тарҳи “Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон” баргузор шуд. Дар ин мулоқот вузарои хориҷаи Ҷопон Катсуя Осада, Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, Қазоқистон Қаноат Савдобоев ва Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ширкат карданд. Туркманистонро дар ин ҷаласа сафираш дар Тошканд Султон Пирмуҳаммадов намояндагӣ мекард.
Дар нишасти Тошканд масоили марбут ба вазъи Қирғизистон, муборизаи муштарак бо терроризму қочоқи маводи мухаддир, беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар минтақа ва соир масоили муҳими минтақавиву ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Ҷопон дар Тошканд ҷиҳати баргузории як анҷумани муштараки иқтисодии Ҷопону Осиёи Марказӣ дар соли оянда изҳори омода кардааст. Кишварҳои минтақа ба навбаи худ бори дигар аз номзадии Ҷопон ба узвияти доимии Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ кардааст. “Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ҷамъи Ҷопон” соли 2004 ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG