Пайвандҳои дастрасӣ

4 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундуз дастгир шуданд


Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон мегӯянд, як гурӯҳи чорнафарӣ бо шумули 3 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Сандуқсойи улусволии Хонобод дастгир кардаанд. Бар асари он ҳамла ду афсари амниятӣ кушта шуда буд. Абдураҳмон Ҳақтош, омири амниятии вилояти Қундуз гуфт, ин афрод аз Ҳаракати исломии Узбакистон ва тобеъи Тоҳири Юлдош будаанд.
Ба тахмини мақомоти амниятии Қундуз, танҳо дар вилояти Бағлон аз 30 то 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар воҳидҳои марбут ба Тоҳири Юлдош фаъолият доранд. Душанбе Ҳаракати исломии Тоҷикистонро дар феҳрасти гурӯҳҳои мамнӯъи тундраву террористӣ шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG