Пайвандҳои дастрасӣ

Аштиёнӣ аз зиндон ба “Guardian” мусоҳиба додааст


Сакина Муҳаммадии Аштиёнӣ, ки дар Эрон ба ҳукми қатл тавассути сангсор маҳкум шудааст, гуфта, ки мақомот мехоҳанд ба хотири пешгирӣ аз таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ӯро ба таври махфӣ эъдом кунанд. Дар як мусоҳибаи тавассути миёнҷӣ анҷомшуда, ки рӯзномаи бритониёии “The Guardian” нашр кард, Аштиёнӣ мегӯяд, мақомоти Эрон вакили мудофеъи ӯро берун карда, акнун метавонанд ба осонӣ ва бидуни парво аз берун рафтани ин хабар ӯро ба ҳар гуноҳе айбдор кунанд. Муҳаммади Мустафоӣ, вакили мудофеъи Аштиёнӣ, ахиран ба Туркия фирор карда, аз он кишвар паноҳандагӣ хост.
Сакина Аштиёниро додгоҳ дар хиёнат ба шавҳар муҷрим шинохт, вале даст доштанаш дар қатли шавҳар собит нашуд.
XS
SM
MD
LG