Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди дуввуми ҷанги Русия бо Гурҷистон


Рӯзи шанбеи 7 август солгарди дуввуми ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон бар сари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубист. Шаби 7 ба 8 августи соли 2008 нирӯҳои гурҷӣ ба хотири, ба гуфтаи Тифлис, “барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ” шаҳри Тсхинвалӣ ва дигар манотиқи Осетияи ҷанубиро таҳти ҳамлаи тӯпхонаҳо қарор доданд.
Рӯзи 8 август нирӯҳои Русия вориди Осетияи ҷанубӣ шуда, ҷангандаҳои русӣ аҳдофе дар дохили Гурҷистонро низ зери ҳамла гирифтанд. Баъди ҳамагӣ камтар аз як ҳафтаи ҷанг нирӯҳои гурҷӣ ақиб нишастанд ва Маскав алакай дар поёни моҳи августи ҳамон сол истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, вилояти дуввуми ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кард.
То ҳол танҳо 3 кишвари дигар –Венесуэла, Никарагуа ва ҷазираи хурде дар уқёнуси Ором бо номи Науру ин ду қаламрави ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG