Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истирдоди ҳакери маъруф аз Эстония ба Амрико


Як марди эстонии гумонбар ба ҳамдастӣ дар як амалиёти ҳакерҳо, ки бо сирқати беш аз 9 миллион доллар анҷом шуд, ба Амрико мустарид шудааст. Додситонии Амрико таъйид кард, ки Сергей Тсурикови 29-сола алакай рӯзи ҷумъа ба шаҳри Атланта расид. Худи Тсуриков даст доштанаш дар ин ҷиноётро радд мекунад. Ҳайъати ҳуккоми додгоҳи Амрико соле пеш 8 нафар аз Эстонияву Русия ва Молдоваро ба ҳамдастӣ дар шикастани сипари шабакаи компютерии ширкати RBS WorldPay айбдор кард. Ин ширкати мақараш дар Атланта бахше аз Бонки подшоҳии Шотландия маҳсуб мешавад. Тафтишот мегӯяд, ҳакерҳо дар моҳи ноябри соли 2008 дар давоми камтар аз 12 соат аз беш аз 2100 банкомати ин ширкат дар 280 шаҳри дунё беш аз 9 миллион доллар берун кашидаанд.
XS
SM
MD
LG