Пайвандҳои дастрасӣ

Норозигии сафорати Узбакистон аз мансабдорони тоҷик


Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон бо пахши як баёния мансабдорон ва бархе расонаҳои Тоҷикистонро ба нашри баёнияҳои ғайримусаннад ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи Узбакистон дар робита ба қазияи вагонҳо айбдор кардааст.
Дар баёнияи дафтари матбуоти сафорат гуфта мешавад, ки мушкил дар транзити вагонҳои Тоҷикистон ба далели анҷоми корҳои тармимӣ дар бахше қисматҳои селзадаи масири Тирмиз-Амӯзанг пеш омада буд, ки аз ҳисоби масирҳои дигари ба самти Тоҷикистон ҷуброн мешуд. Ба гуфтаи сафорат, дар моҳи майи соли ҷорӣ транзити вагонҳо ба Тоҷикистон назар ба моҳи майи соли гузашта баръакс 2,7 дарсад афзудааст.
Мақомоти Душанбе аз моҳи феврал ба ин сӯ ҷониби Узбакистонро дар мониагузорӣ дар роҳи транзити вагонҳои ҳомили молу коло барои Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.
Душанбе ба манзури ҳалли ин мушкил ҳатто аз СММ ва САҲА хостори миёнҷигӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG