Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни сӯхторҳо дар Русия аз 50 гузашт


Дар Русия мубориза бо сӯхторҳо, ки то имрӯз мунҷар ба ҳалокати беш аз 50 нафар шудааст, идома дорад.
Маскав, пойтахти кишвар дар зери кӯрпаи ғафси дудест, ки аз сӯхтани майдонҳои торф ба ҳаво хеста, ба гуфтаи мақомот, ба саломатии мардум хатар эҷод мекунад. Амрикову Олмону Фаронса дар шумули кишварҳоеянд, ки ба далоили нигарониҳои беҳдоштӣ ва нақлиётӣ атбоъи худро аз сафар ба Маскав ва соъир манотиқи офатзадаи Русия ҳушдор додаанд.
Як силсила парвозҳо ба фурудгоҳҳои Маскав ба иллати ғафсии дуд ва то ба ҳадди ҳамагӣ чанд метр коҳиш ёфтани фосилаи биниш лағв шуда, бархе ҳавопаймоҳо ҳатто аз остонаи пойтахти Русия пас гаштаанд. Мақомоти беҳдоштӣ ба мардум тавсия медиҳанд, ки беҳуда аз хона берун нараванд ваё ҳатман ба рӯ ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
XS
SM
MD
LG