Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гелонӣ: Покистон дар 63 сол чунин селро надида буд


Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ дар як паёми телевизионӣ мизони хисороти ҷониву молии обхезиҳои ахир дар кишварашро “хеле азим” ва ин офатро пурхисоратарин селхезӣ дар 63 соли таърихи Покистон номид ва хостори ироаи кӯмакҳои байналмилалӣ шуд: “Дар ин давраи бӯҳронӣ, ман мехоҳам аз ҷомиаи байналмилалӣ дархост кунам, ки дар амри осон кардани азоби мардуми аз обхезиҳо осебдида аз Покистон ҳимоят кунанд.”
Ин паёми Гелонӣ ба мардуми Покистон дар ҳоле нашр шуд, ки мақомоти изтирорӣ мегӯянд, офоти табиӣ дар вилоёти Хайбар-Пахтунхва, Панҷоб ва Синд садҳо ҳазор манзилро тахриб карда, ба рӯзгори беш аз 12 миллион нафар асобат кардааст.
Ба гуфтаи мақомот, тайи тақрибан ду ҳафтаи ин офати табиӣ сел рустоҳои зиёдеро батамом шуста бурд ва дастикам 1600 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG