Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти ғайриоддии қимор байни ду сафир


Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, сафирони Амрикову Бритониё дар Тоҷикистон бо сарулибос худро ба ҳавзи оббозӣ андохтаанд. Ин як шарти қиморе буд, ки ҳарду сафир рӯи натиҷаи бозии тимҳои Амрикову Инглистон дар мусобиқоти ду моҳи пеши Ҷоми ҷаҳонӣ дар Африқои ҷанубӣ баста буданд. Шарт ин буда, ки тими ҳар кишваре агар бозиро бибозад, сафираш бо сарулибосе, ки дорад, оббозӣ мекунад. Аммо бозии байни Амрикову Инглистон дар Ҷоми ҷаҳонӣ, қарори маълум, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт ва қарор ин шуд, ки ҳарду сафир қиморро бохтаанд ва бояд ҳарду бо либосе, ки доранд, ба ҳавз дароянд.
XS
SM
MD
LG