Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти сафорати Узбакистон аз расонаҳои хабарӣ


Шоислом Шоҳқосимов, сафири Узбакистон дар Душанбе

Шоислом Шоҳқосимов, сафири Узбакистон дар Душанбе

Сафорати Узбакистон дар Душанбе зимни як баёния бархе аз расонаҳои хабарӣ ва мақомоти расмии Тоҷикистонро ба изҳороти, ба гуфтаи сафорат, «беасос» ва «иттиҳомоти бардуруғ» дар робита ба боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон айбдор кардааст.

Дар баёнияи дафтари матбуотии сафорати Узбакистон омадааст, «дар ҳоле, ки ширкати «Узбакистон темир йулларӣ» барои интиқоли вагонҳо ба самти Тоҷикистон аз тамоми чораҳо кор мегирад, бархе аз мақомоти расмӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ба паҳнсозии изҳороти беасос ва иттиҳомоти бардуруғ идома медиҳанд».

Ба гуфтаи сафорати Узбакистон, чунин изҳорот ва иттиҳомот муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамсояро халалдор хоҳад кард ва эътимод миёни ду ҷонибро коҳиш хоҳад дод.

Намояндагии дипломатии Узбакистон дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки транзити вагонҳои марбут ба Тоҷикистон тавассути истгоҳҳои марзии Кудуклӣ ва Бекобод ба самти Душанбе ва вилояти Суғд бидуни ягон монеа сурат мегирад.

Сафорат мушкили қаблии транзити қаторҳои Тоҷикистонро ба таъмиру бозсозии роҳи оҳан дар минтақаи Термиз-Амузанг рабт дода, гуфтааст, ки новобаста аз корҳои таъмирӣ ҷониби Узбакистон барои убури вагонҳои ҳомили колои Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешидааст.

Ба гуфтаи сафорат, ҳангоми корҳои таъмирӣ низ ширкати «Темир йулларӣ» талош кардааст, то ба беш аз 1330 вагони Тоҷикистон иҷозаи убур дода шавад.

Сафорати Узбакистон мегӯяд, новобаста аз корҳои таъмирӣ ин кишвар тамоми масъулиятҳо барои транзити борҳо тавассути қаламрави худро иҷро мекунад.

Вокуниши "Роҳи оҳани Тоҷикистон"

Аммо ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иттилои сафоратро дар мавриди он, ки убури вагонҳои Тоҷикистон бидуни монеа сурат мегирад, бепоя хонд.

Баҳодур Мирзоназаров, як нафар масъули ширкати "Роҳи оҳан", ба радиои Озодӣ гуфт, Узбакистон дубора ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон шурӯъ кардааст ва дар ҳоли ҳозир ба онҳо иҷозаи убур намедиҳад.

Як ҳафта қабл Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон низ дар бораи боздошти дубораи вагонҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя иттило дода буд. Ба гуфтаи вазорати нақлиёт, Узбакистон тайи ду ҳафтаи ахир ягон вагони ҳомили молу колоро барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷоза надодааст.

Баҳси масъалаи транзити вагонҳо миёни Душанбе ва Тошканд ним сол боз идома дорад ва ин баҳс дар расонаҳои хабарӣ низ бозтоби густурда пайдо кардааст.

Дар робита ба ин мушкил борҳо музокироти бенатиҷаи дуҷониба сурат гирифт. Мулоқоти рӯбарӯи раисони ҷумҳури ду кишвар дар моҳи июни соли ҷорӣ низ масъалаи боздошти вагонҳои Тоҷикистонро ҳал накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG