Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси пешини Кумитаи дини Тоҷикистон Сайид Аҳмадов мегӯяд, дар бист соли гузашта итоати мусулмонон аз меъёрҳои шариат дар кишвар қавитар шудааст.

Аммо ходимони дин бар инанд, ки мардум умдатан барои ҳалли печидагиҳои хонаводагӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд ва байни шариату додгустарии дунявӣ ихтилофе ба миён наафтодааст.

Масҷид ба ҷои додситонӣ

Ин мавзӯъ дар ҳоле дар маркази таваҷҷӯҳи маҳофил дар Тоҷикистон қарор мегирад, ки даҳҳо нафар аз занони талоқгирифта дар таъмини фарзандони худ ночор мемонанд ва аз мақомоти ҳифзи қонун кӯмак дарёфт накарда, рӯ ба ходимони дин меоранд.

Бибизайнура, яке аз чунин занон замоне роҳи масҷидро дар пеш гирифт, ки муроҷиатҳои пайдарпайи ӯ ба мақомоти ҳуқуқӣ мушкилиашро ҳал накард ва ӯ ба машварати занони деҳааш тан дод.

Имомхатиб дар ниҳоят бо далелу бурҳон аз ҳадису оятҳои қуръонӣ шавҳари Бибизайнураро мутақоид сохт, ки таъмини фарзандони хурдсол дар масъулияти шахси шавҳар мебошад.

Ҳамин гуна дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бархе мардум барои ҳалли баҳсҳои манзилу муносибатҳои хусусӣ ва барои дарёфти кӯмак барои баргардонидани фарзандонаш аз роҳи майхорагиву бадмастӣ ба ниҳодҳои расмӣ камтар муроҷиат карда, балки монанди Бибизайнура кӯшиш мекунанд, роҳи ҳалли мушкили худро аз масоҷид ва аз муллоҳои фатводеҳ суроғ кунанд.

Ба қавли корафтодаҳо додгоҳҳо ва додситониҳо мушкилро дар бархе ҳолот дар ивази пул ҳал мекунанд ва ё ҳукми ноодилона содир мекунанд ва асосан ба ҳамин далел онҳо афзал мешуморанд, ки чигили мушкили худро бо маслиҳати муллоҳо бикушоянд.

Як сокини шаҳри Хуҷанд низ мегӯяд, онҳоро тақсими замине, ки аз бобояшон ба мерос монда буд, маҷбур кард, то назди мулло раванд: “Аз он ки қаблан ба додгоҳ дар бораи тақсими замин муроҷиат карда будем, тақрибан риштаи хешутабории мо канда шуд. Вале муллои маҳалла ин масъалаи моро мусолиматомез ҳал кард ва мо ҳамагӣ ба фатвои ӯ бовар кардем.”

Муассирии қонунҳои шариат

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, аксари мардум барои дарёфти посух ба мушкилоти худ ба онҳо муроҷиат мекунанд, то хубиву бадии корро аз дидгоҳи шариати ислом бисанҷанд.

Вале ӯ мегӯяд, ҳоло аксари муроҷиатҳо ба онҳо дар бораи талоқанд, ки баъд аз муддате зану шавҳар аз он пушаймон шудаву мехоҳанд дубора бо ҳам зиндагӣ кунанд. Ба гуфтаи оқои Боев, дар ин маврид зоҳиран никоҳи давлатии зану шавҳар халалдор нашудааст ва аз дидгоҳи қонунҳои ҳукумат низ бар сари худ мушкиле надорад, аммо шариати ислом бошад, дар аксари ҳолат онро ҳаром шуморидааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ узви Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, маҳкум кардани афроди дузду майхора тавассути додгоҳҳо чандон таъсирбахш нест. Зеро мегӯяд, ӯ майхора пас аз он ки аз ҳушёрхона ва дузд аз маҳбас баромад, дубора даст ба майхорагӣ ва дуздӣ хоҳад зад:

“Дини ислом ба фитрати инсонҳо наздик қонунҳо дорад. Зиндагиро гуворо мекунад. Вақте мувофиқи таълимоти дини ислом мефаҳмонем, мефаҳманд, розӣ мешаванд ва изҳори миннатдорӣ мекунанд, дарвоқеъ. Аммо додгоҳ рафтанашон, тавре худашон мегӯянд, гарон тамом мешавад. Пеши домулло меоянд, чизе харҷ намекунанд. Сӯҳбат мекунанд, насиҳат мешунаванд. Яъне аз тариқи насиҳат корашон ҳал мешавад.”

Афзоиши таваҷҷӯҳи ҷомеа ба дин


Сайид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, ҳафтод соли зиндагӣ дар ҳукумати коммунистии Шӯравӣ оҳанги баръакс дода, таваҷҷӯҳи мардумро ба мазҳаб бештар кардааст. Оқои Аҳмадов тамоюли имрӯзаи исломгароии сокинонро ба огоҳии ҳарчӣ бештари онҳо аз дини ислом бастагӣ дод: “Мардум то андоазе бо фарҳанги исломӣ, бо шариати исломӣ ошноӣ пайдо кардаанд. Бо истифода аз ин огоҳӣ, талаботи шариатро бештар риоя мекунанд. Дар айни замон ба ин рафти бисёр мусбат инчунин камбудҳое, ки дар нисбати татбиқи қонунҳо дар ҷомеа ба мушоҳида мерасанд, таъсир расонидааст.”

Вақте дар хиёбонҳои Душанбе қадам мезанед, бо ҷавонон ё ҳатто бо талабаҳои мактабҳо вомехӯред, ки дар телефонҳои худ ба ҷои мусиқиҳои попу замонавӣ садои дуову азонро ҷой додаанд.

Суханрониҳо ва амри маъруфҳои имомхатибҳоро ба ҷои занги телефон истифода мекунанд. Бо садои баланд амри маъруфҳоро гӯш медиҳанд. Шумори намозгузорон дар намозoҳи рӯзи ҷумьа бакарат афзуда, имомони масоҷидро маҷбур кардааст, ки дар фикри тавсеаи саҳни масҷид ва ҳатто сохтани қабатҳои дуввуму севвум шаванд то ин ҳамаро биғунҷонад. Пӯшидани либосу кӯлоҳҳое, ки умдатан арабӣ буда, ҳамчун либоси исломӣ талаққӣ мешавад низ ба истилоҳ мӯд шудааст.

Мурооти шариат дар давлати дунявӣ

Қисмате аз сокинон ҳам мегӯянд, бо вуҷуди дунявӣ будани низоми давлатӣ дар Тоҷикистон мурооти шариату русуми мазҳабиро аз қонунҳои дунявӣ афзалтар мешуморанд.

Барои мисол, Тоҷикистон ба унвони кишвари дунявӣ, дар қонунҳои худ серзанӣ, пӯшидани ҳиҷоб дар идораҳои давлативу донишгоҳҳоро манъ карда, ҳамчунин, хондани намоз дар кӯча ва берун аз масҷидро иҷозат намедиҳад.

Вале Акрами Абдуқаҳҳор, як сокини Душанбе, мегӯяд, меъёрҳои шариати ислом ҳамчунон ба зиндагии онҳо омезиш ёфтааст, ки давлат наметавонад онҳоро бо ҷорӣ кардани қонунҳои дунявӣ аз миён барад.

Дар ҳамин ҳол, проффесор Иброҳим Усмон мегӯяд, феълан кӯшишҳое ҳастанд, ки меъёрҳои шариат ба шиддат дар ҳаёти шаҳрвандии Тоҷикистон амалӣ шавад. Вале мегӯяд, оқои Усмон, ин кӯшишҳо, ки бо қонунҳои дунявии ҳукумат, дақиқтараш, сиёсати ҳукмат, мухолифанд, метавонанд дар ниҳояти амр ба тундгароӣ низ табдил шаванд.

Ба назари професор Иброҳим Усмон ва таҳлилгарони дигар, дар сурати идомаи густариши нуфузи конунҳои шариат бо чунин домана ва сурьате ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад, Тоҷикистон оҳиста оҳиста бар рўи костюми дунявиаш ҷомаи шариатро ба бар хоҳад кард. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ба ин тартиб аз эҳтимол дур нест, ки мудорои муваққатӣ байни қонунҳои дунявӣ ва аҳкоми шариат дар нуқтае дар оянда вориди ихтилофу рақобат шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG