Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Талко ба Радиои Озодӣ


Ба Роҳбари башхи тоҷикии родиёи «Озодӣ» Соҷидаи Мирзо


ТАЛАБИ РАДИЯ
(тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»)


Бо ирсоли ин нома ба иттилои шумо мерасонем, ки дар матлаби журналист Зулфиқори Исмоилиён бо номи «Натоиҷи зиддунақизи аудити корхонаи Талко» (http://www.ozodi.org/content/article/2118726.html) нисбати КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” маълумоти носаҳеҳ ва гумроҳкунанда нашр шуда, ҳуқуқҳои қонунан ҳифзшавандаи КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”-ро поймол намудаанд, ки барои имиҷи кории Ширкат метавонад таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (Моддаи 24) аз шумо дархост мешавад, ки радияи зеринро таҳти сарлавҳаи «Натиҷаҳои аудити КВД «ТАЛКО» зидду нақиз нестанд (раддия)» дар ҳамон бахши сомона ҷой диҳед:

1. Далели овардаи муаллиф “Барои мисол, мақомоти ин корхона ба истинод ба натиҷаи аудит гуфтаанд, ки дар ҷараёни кашмакашиҳои додгоҳӣ дар Бритониё ба вакилони мудофеъ ё адвокатҳои ширкати ҳуқуқии "Гербер Смит"-и бритониёӣ 51 миллион доллар масраф кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Шералӣ Кабиров, директори молии корхонаи Талко, ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории Азия Плюс гуфта буд, ки ин рақам 56 миллион долларро ташкил додааст” аз ҷониби шумо носаҳеҳ дарҷ ёфта, дар навбати худ такроран иброз намуданием, ки маблаги 51 млн., маблағи худии ҳақиқии пардохтгардида барои хизматрасониҳои хуқуқӣ дар давраи солҳои 2005-2008 мебошад. Шумо бошед байни мафҳумҳои “хароҷот”, ”масраф” ва “пардохт” тафовуте надида, хонандагонро ба пайраҳаи гумроҳӣ мебаред. Дар мавриди пардохтҳои мунтазам аз ҷониби ширкати ҳуқуқии "Гербер Смит" ба маблағҳои пардохтгардида, зиёдшавии маблағи пардохт ҳисобӣ (возвращаемый бонус) мегардид, ки он 4,9 млн. долларро ташкил додааст. Аҷиб аст, ки рӯзноманигорон дар ҳар гунна маврид, бемасъулиятона дар бораи хароҷотҳои судии Ширкат ҳарф мезананд. Бояд хотирасон кард, ки хароҷотҳои судӣ аз ҳисоби Ширкат пардохта шуданд, дар ҳоле, ки на аз Давлату бонкҳо ва на аз институтҳои молиявии хориҷӣ, Ширкат қарз напурсидааст. Барои мисол яке аз ширкатҳои бонуфузи Гурҷистон ҳангоми мурофияи судӣ, барои ҳимояи манфиатҳояш аз бӯҷаи давлати худ кӯмаки молиявӣ гирифта, хизматрасониҳои хуқуқии адвакатҳоро пардохт намудааст.

Рафтан ба суд ва баҳои беғаразона гирифтан ин магар шаффофият нест? Дар мурофияи судӣ, мо рафта обрӯ ва нуфузи Ширкатро ҳифз намудем. Агар мо ба суд намерафтем чӣ мешуд? Бо қарзҳои тариқи фиреб бавуҷудомада (490 миллион доллари ИМА) чӣ кор мекардем? Оё мо дигар роҳ доштем?

2. Навиштаи муаллиф зери зерсарлавҳаи “Даромади кӯчаки корхонаи бузург?” бо мӯҳтавои “Дар ин баёния аз натиҷаи аудит гуфта шудааст, ки даромад аз муомилоти дар соли 2006 33,4 миллион доллар, соли 2007 34,7 миллион ва соли 2008 ба далели бӯҳрони молӣ 3,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси манобеи мустақил ба нақл аз қавли корхонаи Талко гуфтааст, тиҷорати алюминюм дар соли 2008 дар Тоҷикистон 680 миллион долларро арзёбӣ ташкил кардааст.” Ин навишта ба замми хатои имлоӣ доштан, ки маъниро куллан халалдор намудааст, гумроҳкунанда низ мебошад, зеро мафҳуми арзиши тиҷорат (стоимость бизнеса) аз рӯи Стандартҳои байналмиллалии баҳодиҳӣ (МСО. Международное руководство по оценке №4 параграф 3.5) чунин шарҳ дода мешавад “нархи корхонаи амалкунанда баробар аст ба нархи капитали сармоягардидаи корхона ё ин ки маблағи капитали соҳибмулк ба изофаи қарзҳои дарозмуддат”. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки арзиши тиҷорат дар соли 2008 тибқи Баҳогузории мустақили воситаҳои асосии Ширкат аз тарафи ширкати номдори амрикоии «American Appraisal», 680 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки инро мо бори дигар тасдиқ менамоем. Дар мавриди 3.5 млн. доллар бошад, сухан дар бораи фоидаи амалиётӣ меравад. Вақте хабарнигори шумо оддитарин мафҳумҳои иқтисодиро надонад, пас айби мо чист? Ё шояд мефаҳмаду мафҳумҳои “даромад”-ро бо “фоидаи амалиётӣ” ва “тиҷорати алюминиюм”-ро бо “арзиши тиҷорат” қасдан омехта, мехоҳад афкори умумиро хато намуда, гумроҳ кунад?

3. Навиштаи ахири муаллиф: “Ари Айзен, намояндаи доимии Сандуқи байналмиллалии пул дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз моҳи декабри соли гузашта то бад-ин сӯ онҳо мунтазири натиҷаи аудити ширкати Талко ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон ба натиҷаи холисона ва мунсифонаи аудити ширкати Талко аз сӯи ширкати аудитии«Мoore Stepheas» эътимод надоранд. Зеро ширкати «Мoore Stephens» аз 10 сол бад-ин сӯ ба корхонаи Талко ҳамкорӣ дорад. Ва ҳамеша дар музоядаҳо дар бораи баргузории аудити Талко баранда мешавад. Ин дар ҳолест, ки ширкати аудити «Мoore Stephens» дар листи дараҷаи 2-уми ширкатҳои аудитии Бритониё қарор дорад.” - як хулосаи сар-сариро мемонад, ки ба назари мо нашри он барои як расонаи касбӣ хуб нест. Мо натиҷаи аудитро эълон кардем ва ҳар кас метавонад бо он дар сомонаи Ширкат шинос шавад. Инчунин иброз намуданием, ки КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” бо мақсади риояи воқеибинона дар интихоби аудитор, тендери байналмиллалӣ эълон намуда буд, ки чиҳати иштирок дар тендер чунин ширкатҳои маъруф, аз қабили «KPMG», «Delloit», «PWC», «Ernst@Young», «Moore Stephens» ва м.и. даъват шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои тендер барои аудит, ки тибқи талаботҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сандуқи байналмиллалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида шуд, ширкати «Moore Stephens» баранда эълон шуда (дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ширкати мазкур қиммати пастаринро пешниҳод намуда буд), бо ширкати мазкур қарордоди дахлдор ба имзо расид. Ин интихоб тасодуфӣ ва ё ғаразнок набуда, он ҷихат дар мадди аввал гузошта шуд, ки ширкати мазкур яке аз ширкатҳои бонуфузтарини дунё ба ҳисоб меравад ва дар манотиқи гуногуни ҷаҳон зиёда аз 630 намояндагиро дар 98 кишвар дорад. Дар “10 сол бад - ин су” на танҳо ширкати аудити «Moore Stephens», балки ширкати «PWC» низ аудити молиявии Ширкатро гузаронидааст, ки нодурустии гуфтаҳои шуморо дар мавриди ҳамеша ғолиб баромадани ширкати аудитии “Moore Stephens” нишон дода, далели қасдан ба гумроҳӣ бурдани хонанда аз ҷониби рӯзноманигори шумо мебошад. Шумо бо паҳни як хабар, ки дуруст таҳлил нагаштааст, на танҳо ба обрӯи бузургтарин корхонаи як кишвар, балки нисбати яке аз ширкатҳои бонуфузи аудитории олам низ беэҳтиромӣ кардаед.

4. Мо дар баёнияи матбуотии худ ба таври мушахас нишон додаем, ки натиҷаи аудити хисоботии молиявии Ширкат барои солҳои 2006-2007-2008 дар сомона, то рӯзи 6-уми августи 2010 нашр мешавад. Хабарнигори шумо посухи сухангӯи Ширкатро чун иқтибос оварда, ҳангомиаҷӯи намуда, санаи дар баёния зикр шударо аз мадди назар дур андохтааст.

5. Ҷумлаи ”Корхонаи Талко дар як баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи аудити ин корхона фаъолияти молии худро шаффоф арзёбӣ кардааст, дар ҳоле ки дар ин баёния арқоми зиддунақиз вуҷуд дорад ва эътимоди хонанда ба шаффоф будани фаъолияти молии ин корхонаро зери суол мебарад” аз ҳақиқат дур аст, зеро дар ин баёния, маълумоти ба ҳам зидду нақиз вуҷуд надоранд.

Оиди шаффофияти худ чунин изҳор менамоем:

- мо шаффофияти худро соли 2006 ҳангоми ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботии молиявӣ гузаштан, исбот карда будем, ки ин амал на бо талоботи Давлат ва на бо талаботҳои институтҳои молиявии хориҷӣ буд.

- гарчанде, ки талаботи Хазинаи Байналмиллалии Асъор оиди фаъолияти молиявии 2 солаи Ширкатро дархости аудитӣ намуд, Ширкат давраи фарогирии аудитро боз ҳам фароҳтар намуда, аудити фаъолияти 3 солаи хешро гузаронид. Ин магар шаффофият нест? Дар навбати худ мо иброз кардаем, ки аудити соли 2009 то охири соли 2010 анҷом меёбад.

- дар Ширкат арзи вуҷуд намудани идораи колегиалии Ширкат дар мақоми Шӯрои директорон (яъне дастҷамъона қабул намудани қарорҳои муҳим) магар аз ҷой доштани шаффофияти комил дар фаъолияти корхона далолат намекунад?

- ҷорӣ намудани “Низоми идоракунии сифат (ISO 9001) дар соли 2009, ва тасдиқи сертификати он аз тарафи ширкати бонуфузи “SGS LTD”, дар соли 2010 – ин магар шаффофият нест?

- гузарондани азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ аз тарафи ширкати номдори амрикоии «American Appraisal»; гузаронидани аудити техникӣ, аз тарафи ширкати Chalieсo;

- яке аз ҳадафҳои мо: то охири соли 2010 гузаронидани аудити экологӣ барои соҳиб шудан ба сертификати ISO 14000. (“Экология ва бехатарӣ”);

- арзи вуҷуд доштани сомонаи Ширкат ва дарҷ гардидани ҳамаи маълумотҳо оиди фаъолияти корхона дар он; робитаи доимии мақомоти дахлдори Ширкат бо воситаҳои ахбори омма;

КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” бо ширкатҳои бузурги алюминӣ ҳамкорӣ дорад ва ин ҳам далели шаффофияти фаъолияти корхона аст. Зеро ин ширкатҳо бо корхонае, ки фаъолияташ ношаффоф аст, қатъиян ҳамкорӣ намекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2009 яке аз ширкатҳои азимтарини алюминии амрикоӣ фаъолияти солонаи худро бо зарари беш аз 1 млрд. 150 млн. доллари ИМА ҷамъбаст намуд, ширкати азими дигари аврупоӣ бошад, беш аз 800 млн. долл. зиён дид, ҳол он ки Талко соли 2009-ро бо фоида ҷамъбаст намуд. Вале мутаассифона дар сомонаи шумо далелҳо дар бораи муваффақиятҳои корхонаи бузурги ватанӣ ҷой надорад. Ҳамаи мақолаҳое, ки перомуни фаъолияти Ширкати мо дар сомонаи шумо нашр гардидааст, баҳои яктарафа буда, касбияти мухбирони шуморо зери суол мебарад. Аз сӯи дигар, мақолаҳое, ки дар мавзуи иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолияти КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” ба нашр мерасанд, ба ҳеч ваҷҳ коршиносона нестанд. Эҳсос мешавад, ки муаллиф мутахасиси соҳаи иқтисод нест ва мутассифона аз назари коршиносони соҳа низ яктарафа истифода мекунад. Дар аксар мавридҳо матолиби нашргардида дур аз воқеият буда, аз онҳо буи ҳангомасозӣ ва тарғиби афкори гурӯҳӣ меояд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Ширкат мустақилона фаъолият дорад, қарзҳои берунааш ба ҳадди ақал коҳиш ёфтааст. Аммо ҳамкорони шумо на инро дидан мехоҳанд ва на таваҷҷӯҳе ба варақаҳои матбуотии Ширкат доранд. Шояд мехоҳанд бо паст задани обрӯи дигарон ва бозӣ бо имиҷи дигарон хабари доғ бинависанд?

КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” ва коллективи меҳнатии он бар онанд, ки пахши ҳама гуна иттилоъ бояд танҳо ва танҳо дар асоси фактҳо сурат бигиранд. Ҳамзамон мо ба ин боварем, ки имиҷи кории Ширкат, менеҷмент ва коллективи меҳнатии он, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он ҳифз мегарданд.

Бинобар ин, аз шумо дархост мешавад, ки дар асоси матни мазкур дар сомонаи хеш раддия интишор намоед. Умед ба он мебандем, ки матни ниҳоии аз ҷониби шумо интишоршаванда бо хадамоти матбуотии Ширкати мо мувофиқа мегардад.

Дар ҳолати аз ҷониби шумо пазируфта нашудани маталаби зикргардида, мо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории ҷории ҶТ амал мекунем.

Маркази матбуоти
КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”
XS
SM
MD
LG