Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи хонаводаӣ бо фоҷеа анҷом ёфт


Муноқишаи хонаводаӣ бар асоси рашку ҳасад боиси марги се кӯдаки хурдсол ва сӯйиқасд ба худсӯзии модари онҳо шудааст.

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи Ҳикоят Фақирова, сокини ҷамоати Сарвати истиқлоли ноҳияи Бохтар парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ӯро дар куштори барқасдонаи се фарзанди фарзандони ноболиғаш айбдор кард..

Гуфта мешавад, ки Хонум Фақирова ба думболи як муноқишаи оилавӣ ба қасди худкушӣ фарзандонашр бо худ вориди яке аз ҳуҷраҳои дарбаста кард, ва болои сари худу кӯдакон бензин рехту оташ зад.

Идораи оташнишонии Хатлон мегӯяд, кӯдакони ин зани 31-сола бар асари оташсӯзӣ ҷароҳатҳои сангин бардошта, фавтидаанд, аммо худи хонум Фақирова, ки 25 дарсади баданаш сӯхтааст, барҳаёт аст ва дар яке аз бемористонҳои минтақа бистарӣ шудааст.

Ин сокини вилояти Хатлон ҳоло таҳти назорати кормандони мақомоти интизомӣ аст ва сӯҳбат бо ӯ имконпазир нест. Пайвандони Ҳикоят Фақирова низ аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Мақомоти додситонӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин парванда идома дорад ва яке аз фарзияҳои аслӣ муноқишаи оилавӣ унвон шудааст.

Суҳроб Саломов, муовини сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон
108 ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷон дар як сол


Бар асоси таҳқиқу таҳлили идораи милисаи Хатлон, маҳз муноқишаи хонаводаӣ ва хушунату зӯроварӣ дар оила яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушию худсӯзӣ задани сокинони минтақа будааст.

Сӯҳроб Саломов, муовини сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, мегӯяд, дар соли ҷорӣ 108 мавриди худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он миён 52 нафар фавтидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нимаи аввали соли гузашта ҳамагӣ 20 мавриди худкушӣ дар қаламрави вилояти Хатлон сабтином шуда буд.
Ба гуфтаи ҷаноби Саломов, дар беш аз 50 мавриди худкушӣ, маҳз муноқишаҳои хонаводаӣ сабаби марги одамон шудаанд, ки бисёр нигаронкунанда аст:

«Сабабҳояш ҳам қариб ҳамааш ҳамин аст, яъне муноқишаҳои байни ҳамдигар, оилавӣ, ҷанҷоли байни ҳамсояҳо, баъзан вақт бинобар кадом як нофаҳмиҳои начандон ҷиддӣ одамон, мутаассифона, даст ба худкушӣ задаанд. Дар ин миён касалиҳои рӯҳӣ ҳам ҳастанд. Ҳодисаҳои нохуш ҳам ҳаст. Ва ноболиғон ҳам. Бисёре аз онҳо, ки нозуку эрка калон шудаанд, ҳодисае ҳам буд, ки падараш ба писараш саҳл сахттар гап задааст, ноболиғ бошад, қаҳр карда, худашро дар дарё ғарқ кардааст. Масалан, дар соли 2010-ум аз ҷумла 29 нафар бо касалии рӯҳӣ, 6 нафар бо сабабҳои шароити вазнини зиндагӣ, 52 нафар дар пайи муноқишаҳои оилавӣ ва 9 нафар бо сабабҳои то ҳол номаълум даст ба худкушӣ кардаанд ё сӯйиқасд ба худкушӣ кардаанд…»


Равоншинос Рухшона Шоимова мегӯяд, асосан занони танҳо ва аз хонаи шавҳар рондашуда даст ба худкушӣ мезананд
Қурбониёни хушунати оилавӣ


Дар ҳамин ҳол равоншиноси созмони ҷамъиятии "Ғамхорӣ" Рухшона Шоимова мегӯяд, асосан заноне, ки қурбони хушунати оилавӣ ҳастанд, ҳамчунин онҳое, ки бо фақру нодорӣ ба сар мебаранд, танҳоянд ва масъулияти таъмини зиндагӣ ва фарзандон ба дӯшашон мондааст, ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, яъне онҳо бештар бо эҳтимоли худкушӣ рӯ ба рӯ ҳастанд:

«Занҳое, ки ҳамарӯза мо бо онҳо вомехӯрем, бисёр хаста ба назар мерасанд, аз зиндагӣ дилсард ва ба ҳама чиз бетафовутанд, хуллас, ҳолати рӯҳиашон хуб нест. Зане, ки аз хонаи шавҳар ронда шудааст, аз дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа, аҳли байт, пайвандонашонро бархурдор нестанд, доимо мавриди латукӯб қарор мегиранд, албатта, дар сарашон ҳар хел фикрҳо чарх мезанад ва илоҷи корро дар худкушӣ, ба дор овехтан ё худсӯзӣ мебинанд, Ки чунин мисолҳо, мутаассифона, зиёданд…»

Ҳамсарони зӯровару зургӯ

Ва аммо коршиносон ва намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятии мудофеъи ҳуқуқи занон иддао доранд, ки дар бештари мавридҳои худкушии занон ҳамсаронашон ё аъзои оилаи онҳо ба таври мустақим ё ғайримустақим даст доранд. Манзура Шарифова, сарвари маркази бӯҳронии занони Қӯрғонтеппа, бо такя ба таҷрибаи кориаш мегӯяд, вай шоҳиди бисёр ҳолатҳое шудааст, ки занон дар пайи хушунату зӯроварӣ ва мавриди бадрафторӣ аз сӯйи ҳамсаронашон қарор гирифтан, даст ба худкушӣ задаанд:

Манзура Шарифова, ҳомии ҳуқуқи занон, мегӯяд, як сабаби даст ба худкушӣ задани занон зӯроварии ҳамсарони онҳост
«Барои таҳқир ва ҷабри зан, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, шахси ҷабрдиҳанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аммо дар амал чунин парвандаҳо хеле каманд, агар ҳам мисолҳои зӯроварию хушунат фаровонанд, касе аз занҳо дар ин бора шикоят намекунад. Дар ҷомеаи мо чунин одат ё қоидаҳои нонавиштае ҳастанд, ки агар зан бихоҳад аз ҳуқуқаш ҳимоят кунад, вай дар ҷомеа, миёни аҳли деҳа ҳамчун зани беобрӯ ва нодаркор ангуштнамо мешавад. Занон ҳам намехоҳанд сирри оиларо ба берун кашанд, метарсанд, к агар ба суд ё мақомоти дигар муроҷиат кунад, шарманда мешавад. Аммо маҳз ҳамин одатҳои начандон хуб, тавре мебинем, боиси худкушии занон мешавад…»


Ва аммо муовини сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, ахиран аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ воҳидҳои кории алоҳида вобаста ба ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводаӣ ва кор бо оилаҳои ноустувор ташкил дода шудааст ва нозирони минтақаии милиса ҳам дар маҳалҳо дар ин масъала кор мебаранд. Аммо ба ҳар 10 ҳазор шаҳрванд танҳо як нозири минтақаӣ рост меояд, ки табиист, дасти онҳо барои пешгирӣ аз содиршавии чунин навъи ҷиноёт на ҳамеша мерасад.

Вай афзуд, то ҳанӯз сабаби сар задани 10 мавриди худкушӣ норӯшан боқӣ мемонад ва ҳеҷ мавриди қасдан таҳрик додани занон ба худкушӣ ба қайд гирифта нашудааст. Яъне ин гуна мисол, ки зане дар пайи хушунату зӯроварӣ аз ҷониби ҳамсараш ё аъзои дигари хонаводааш даст ба худкушӣ задаву омилони ин ҳодиса ба муҷозот кашида шуда бошанд, дар вилояти Хатлон вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG