Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили мудофеи Сакина Оштиёнӣ ба Норвегия меравад


Амнести Интернешенал ё Авфи Байналмиллал мегӯяд, Муҳаммад Мустафоӣ-вакили мудофеи зане, ки дар Эрон ба муҷозоти сангсор маҳкум шуда буд, аз зиндоне дар шаҳри Истамбули Туркия раҳо шудааст. Амнести Интернешенал мегӯяд, интизор меравад, ки Мустафоӣ дар рӯзҳои оянда ба Норвегия биравад. Мустафоӣ торнамое дорад, ки дар он аз саросари ҷаҳон барои озодии Сакина Оштиёнӣ изҳори ақида мекарданд. Вай барои хиёнат ба шавҳараш муттаҳам дониста шудааст. Мустафоӣ-вакили мудофеи ин зан баъд аз бозпурсӣ дар додситонии Теҳрон ба Туркия фирор кард.
XS
SM
MD
LG