Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар вокуниш ба изҳороти созмони мамнуъи «Ҳизбуттаҳрир» вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои кишварро рад кард ва гуфт, ҳеҷ инсоне барои ақидаи сиёсӣ дар Тоҷикистон боздошт ва ҳабс нашудаст.

Басбӣ Холова, муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба изҳороти «Ҳизбуттаҳрир» - як созмони мамнуъ, ки гуфтааст дар маҳбасҳои Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ дорад баён дошт, ки пайравони аҳзоб ва мазҳабҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла Ҳизби таҳрир на барои ақида, балки барои нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва содир кардани ҷиноят зиндонӣ шудаанд:

«Онҳо хуб медонанд, ки фаъолияташон ғайриқонунӣ аст, аммо боз дидаву дониста фаъолиятҳои ҳизбиашонро идома медиҳанд».

Баҳром Абдулҳақов, ноиби сардори раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, аз мавҷудияти маҳбусҳои сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар иттилоъ надорад.

Баёнияи «Ҳизбуттаҳрир»

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 2 август созмони мамнуъи Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон зимни пахши як баёния худро ҳизби сиёсӣ ва аъзоёни зиндониашро маҳбусони сиёсӣ эълом кард. Ин созмон гуфтааст, ки аъзои ҳизб барои ақида ва ҳадафи сиёсӣ — барпо кардани Хилофати исломӣ боздошту зиндонӣ мешаванд.

Як узви Ҳизби таҳрир, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, бунёди хилофат мақсади олитарини ҳизб аст: «Пеш аз ҳама пирӯзӣ дар ҳамон кишварест, ки қудрати зиёд ва як раҳбари исломӣ дорад, пас аз он ба дигар кишварҳои ҷаҳон. Пеш ҳам, ҳозир ҳам мақсад ҳамин аст: бунёди хилофат барои ҷорӣ кардани қонуни Қуръон».

Боздошти 10 таҳрирӣ дар Суғд

Ахиран додгоҳи вилояти Суғд 10 нафарро бо ҷурми узвият дар Ҳизби таҳрир муҳокима ва аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ онҳоро дар даъват ба сарнагунии сохти конститутсионӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва барангехтани адовати қавмиву мазҳабӣ ва минтақавӣ муҷрим шинохт.

Аммо вакилони дифои аъзои Ҳизби таҳрир аз боздоштҳои ғайриқонунии онҳо аз сӯи мақомот низ сӯҳбат мекунанд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ мегӯяд, раванди бозрасӣ ва додгоҳии аъзои Ҳизби таҳрир муғойири қонунҳои Тоҷикистон сурат мегирад:

«То ба итмом расидани парвандаи ҷиноӣ ҳамаи онҳоро дар таҳхонаи Кумитаи амният нигоҳ дошта мешуданд, зеро маълум аст, ки он ҷо дастрасӣ нест, ягон кас даромада наметавонад. Бо ҳамин васила латукӯб карда, ба гардан мондаанд. Аксари онҳо қаблан ҳам бо иттиҳоми аъзои Ҳизби таҳрир будан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд. Баъд ба озодӣ баромадаанд. Аммо боз бо тӯҳмати узвият ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд».

Хонум Воҳидова мегӯяд, чанд тан аз ҷумлаи 10 нафаре, ки дар Хуҷанд маҳкум шудаанд, маҳз ҳамин афроде ҳастанд, ки дар гузашта аъзои Ҳизби таҳрир буда, аммо баъд аз итмоми мӯҳлат узвияташонро қатъ кардаанд, вале дигарбора аз сӯи мақомот боздошт мешаванд.

«Ҳизбуттаҳрир»: Дар маҳбас бештар таълим мегирем

Аммо дар изҳороти Ҳизби таҳрир омадааст, ки аъзояш баъд аз хатми мӯҳлат низ фаъолияташонро идома медиҳанд. Ҳамсӯҳбати мо аз Ҳизби таҳрир мегӯяд, дар маҳбасҳо аъзои ҳизб шикаста нашуда, баръакс маҳз он ҷо бо таълимоти ҳизб бештар ошноӣ пайдо мекунанд: «Мо бештар аз маҳбас савод гирифта, берун омадаем»

Манобеи расмӣ дар бораи теъдоди дақиқи зиндониҳои Ҳизби таҳрир маълумоте ироа надоштанд, аммо Ҳизбу таҳрир гуфтааст, ки то ҳол 300 аъзои он бо анҷоми муҳлати ҳабс аз зиндон озод шуда, 10 нафар дар пушти панҷараи зиндон ҷон додаанд. Ба гуфтаи Ҳизбу Таҳрир феълан 177 узви созмон дар маҳбас ба сар мебаранд.

Интиқод аз расонаҳои хабарӣ


Дар изҳороти ҳизб ҳамчунин расонаҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Би-Би-Си, «Озодӣ», «Миллат» ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, дар мисоли Дидбони ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон барои «сукут» ва «бепарвоӣ» дар баробари бархӯрди ҳукумат алайҳи аъзои Ҳизби таҳрир интиқод мешаванд.

Наргис Зокирова, аз Созмони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯяд, дар Тоҷикистон то ба ҳол созмоне вуҷуд надорад, ки ба зиндонҳо ва омӯзиши вазъи зиндониҳо дастрасӣ дошта бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба фаъолияти пинҳону ошкори гурӯҳҳои мазҳабӣ, бо шумули Ҳизби таҳрир бо назари шубҳа мегирарад ва мегуяд, ки ин гурӯҳҳо ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд. Аммо бархе аз коршиносон зарфияти созмонҳои зеризаминии Тоҷикистонро хеле поин ва хатари онҳо ба манияти кишварро ночиз арзёбӣ мекунанд.

Нерӯи «Ҳизбуттаҳрир» дар пинҳонкорист?

Шокирҷон Ҳакимов, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон мегӯяд, дар қазияи Ҳизби таҳрир қонуният дар сояи муборизаҳои байнулмилалӣ алайҳи тундгароиву терроризм мондааст. Вай афзуд, моҳиятан ин ҳизб сиёсӣ аст ва мантиқан аъзои зиндониаш ҳам бояд сиёсӣ шинохта шаванд:

Аммо иддаи дигар аз коршиносон бар инанд, ки Ҳизби таҳрир ба фаъолияти шаффоф манфиатдор нест. Онҳо бархӯрди раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Аскар Оқоевро мисол меоранд, ки мехост машрӯияти ин ҳизбро таъмин кунад, аммо аъзои он дар Қирғизистон ин пешниҳодро қабул надоштанд.

Ба эътиқоди ин коршиносон, аъзои Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон низ ҳамин шеваи пинҳонкориро қабул доранд, зеро ба гуфтаи таҳририҳо сохтори ҳизб он гунаест, ки як аъзо якдигарро намешиносанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG