Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия "милиция" "полиция" мешавад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки номи қаблазинқилобии "полиция" ба ҷои номи "милиция" баргардонида шавад. Медведев ин пешниҳоди худро дар мулоқоте бо мақомоти нируҳои интизомӣ матраҳ кард. Дар ин мулоқот пешнависи қонун дар бораи нируҳои пулис баррасӣ шуд. Ин пешнавис бояд дар матбуот ба нашр расад. Номи "милиция" аз давраи куммунистҳо то ҳол истифода мешавад. Медведев гуфт:

"Мо ба афроди ҳирфаӣ ниёз дорем. Мо ба кормандоне ниёз дорем, ки самарбахшу бошарафона кор кунанд. Барои ҳамин ман бовар дорам, вақте фаро расидааст, ки "милиция" ба номи пешини худ баргардад ва минбаъд мо аз он "полиция" ном барем".

Назрхоҳиҳо гувоҳӣ медиҳад, ки мардум ба милиция камтар бовар доранд. Дар бораи ришвахорӣ, азияту озори боздоштшудагон ва ҳодисаҳои марговари нақлиётӣ аз дасти милиция дар Русия зуд-зуд ба нашр мерасанд.


XS
SM
MD
LG