Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гандум дар 2 соли ахир ба болотарин нуқта расид


Нархи гандум дар бозоҳои ҷаҳон дар ду соли ахир ба болотарин нуқтаи худ расидааст. Ин дар ҳолест, ки Русия судури гандумро мамнӯъ эълон кардааст ва хушксолӣ дар ин кишвар асароти худро гузоштааст. Владимир Путин-нахуствазири Русия рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки кишвараш аз 15-ӯми август то поёни соли ҷорӣ содироти орду гандумро муттаваққиф месозад. Дар давоми чанд даҳсолаи ахир Русия ба чунин хушксолӣ рӯ ба рӯ нашуда буд. Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири Русия гуфт, мӯҳлати муттаваққиф сохтани содироти орду гандум ба ҳосили соли ҷорӣ вобаста хоҳад буд. ФАО ё Созмони ҷаҳонии Ғизо ва кишоварзӣ баъд аз чунин тасмими Русия ба кишварҳои фақир дар бораи амнияти маводи ғизоӣ ҳушдор дод. Русия севвумин кишвари содиркунандаи орду гандум дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG