Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи варзишгарон


Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик

Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик

Рӯзи 7-уми август дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш доир хоҳад шуд.

Ҳамчунин рӯзҳои истироҳат бахшида ба иди касбии кормандони соҳа дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталиф барпо мегардад.

Вале паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев Рӯзи варзишгаронро дар хориҷи кишвар бо мураббиаш Владимир Елчанинов таҷлил хоҳад кард.

Барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар Ҷоми Аврупо, ки 7-уми август дар шаҳри Ҳамбурги Олмон шурӯъ мешавад, ширкат меварзад. Вай дар вазни то 73 кг дар рӯзи аввали мусобиқа бо рақибонаш қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба иттилоъи Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, инчунин, боз як гуштигири тоҷик Абубакр Раҳмонов дар вазни +100 кг ширкат меварзад.

Ба гуфтаи ҷаноби Мамадсафоев ин мусобиқа барои паҳлавонони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзю-до, ки аз 9-ум то 13-уми сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон доир хоҳад шуд.

Инчунин дар арафаи Рӯзи варзишгарон аз шаҳри Санкт-петербурги Русия хушхабар омад. Варзишгарони тоҷик дар Спартакиадаи 7-уми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар риштаи гуштии озод чаҳор медал ба даст оварданд.

Ба иттилоъи Абдурозиқ Олимов, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Фарҳод Анақулов дар вазни то 96 кг соҳиби медали нуқра гардид. Паҳлавонони дигари тоҷик Азамат Сӯфиев (то 74 кг), Ғуломҷон Шарифов (то 66 кг) ва Тоҷиддин Хоҷаев (то 60 кг) дар вазни худ ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин мусобиқот гуштигирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Укроин ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG