Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 кушта дар инфиҷорҳои мухталиф дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷори чанд бами роҳ дар шарқи ин кишвар 12 шаҳрванди Афғонистон ва як низомии НАТО кушта шудаанд. НАТО дар бораи ҳуввияти сарбози кушташуда маълумот надодааст. Халилуллоҳ Зиёӣ-раиси пулиси вилояти Кунар гуфт, 5-ӯми август дар вулусволии Бар Кунар дар натиҷаи инфиҷори бам 9 нафар кушта шудаанд. НАТО мегӯяд, се шаҳрванди дигар рӯзи панҷшанбе дар инфиҷорҳои вулусволии Қарабоғи вилояти Ғазнӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG