Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осиф Алӣ Зардорӣ дар Лондон бо Камерон мулоқт кард


Имрӯз дар Лондон Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон бо Девид Камерон-нахуствазири Британия мулоқот кард, то муносиботи дипломатии сардшударо ба ҳолати оддӣ баргардонанд. Баъд аз дидор ҳар ду раҳбар дар бораи аҳамияти равобити хуби миёни ду кишвар изҳори ақида карданд. Зардорӣ дар нишасти хабарии муштарк ба рӯзноманигорон гуфт:

"Тундбод меояд ва тундбод меравад ва Покистону Британия як ҷо мемонанд ва ҳамаи душвориҳоро сарбаландона таҳаммул мекунанд. Мо бояд бовар кунонем, ки фардо ҷаҳон барои насли ояндаи мо ҷои хубе хоҳад буд".

Муносиботи Покистону Британия баъд аз боздиди ҳафтаи гузаштаи Камерон аз Ҳиндустон ба сардӣ гароида буд. Камерон дар ҷараёни ин боздид гуфт, Покистон пинҳонӣ мехоҳад аз терроризми исломӣ "истифода кунад".
XS
SM
MD
LG