Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъалаи коҳиши нархи баъзе намуди хурокаворӣ дар моҳи Рамазон, мавзуъи ҷаласаи имрузи шаҳрдории Душанбе будааст.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии «Ховар», соҳибкорони пойтахт тасмим гирифтаанд, дар давоми моҳи Рамазон нархи 1 килограмм гӯшти говро 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфандро то 19 сомонӣ, нархи як халта орди навъи якумро то 90 сомонӣ ва равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбузро то 20 % аз нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузоранд.

Ин хабаргузори ба нақл аз сухангӯи шаҳрдории Душанбе мугӯяд, он тоҷирону собибкороне, ки ба ворид кардани маводи мазкур машғуланд, аз пардохти ҳама гуна хизматрасониҳо ба таври комил ва ё ба андозаи 50% озод карда мешаванд.

Дар зимн бозорҳои шаҳр вазифадор шудаанд, ки барои деҳқононе, ки дастранҷи меҳнати худро бидуни миёнарав вориди бозор мекунанд, сабукӣ оварда шавад.

Дар ҳоле, дар остонаи моҳи Рамазон дар пойтахт талошҳои барои коҳиши нархҳо сурат мегирад, дар қисмати шимолии кишвар болоравии қиматҳо ба назар мерасад. Хабарнигори мо дар Хуҷанд мегӯяд, ки тайи чанд рӯзи ахир қимати озуқаворӣ дар бозорҳои вилоят рӯ ба афзоиш аст.

Ғуфрон Шодиев, як сокини солманди шаҳри Хӯҷанд, мегӯяд, 120 сомонӣ нафақа мегирад, ки барои харидории маводи ниёзи аввалия дар моҳи Рамазон кифоят намекунад:

«Ҳоло нархи ҳама чиз дар бозор боло рафтааст. Мо барои харидани маҳсулоти хӯрока бисёр азоб мекашем. Нархи сабзӣ то дуввуним сомонӣ расидааст. Як халта орд 120 сомонӣ аст. Мо бо ин ҳам нигоҳ накарда, рӯза медорем».

Тоҷирон ва соҳибкорон боло рафтани қиммати маводи хӯрока дар бозорҳоро рад намекунанд. Хайрулло Дадоҷонов, як соҳибкор, ки дар бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд ба гӯштфурӯшӣ машғул аст, мегӯяд, тайи чанд рӯзи ахир шумори чорво дар молбозорҳои Хуҷанд кам шудааст ва ба ин далел бештари соҳибкорон фаъолияти худро қатъ кардаанд:

«Нархи чорво гарон аст, бо нархи арзон харидани чорво барои мо ҳам душвор шудааст. Аз сабаби он, ки мол дар бозорҳо кам шудааст, аксари гӯштфурӯшон дӯконҳои худро бастаанд. Ҳоло нархи хӯроки чорво ҳам гарон аст».

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки боздошти қатораҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба болоравии нархи озуқаворӣ дар кишвар ҳам бетаъсир намондааст.

Иддаи дигари таҳлилгарон мегӯянд, болоравии маводи озуқа дар остонаи моҳи Рамазон ҳарсола сурат мегирад ва сабаби аслии он аз афзоиши талабот сӯйистифода кардани тоҷирону соҳибкорон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG