Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Хуҷанд барои 10 узви Ҳизб–ут-Таҳрир


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 10 узви Ҳизб–ут-Таҳрир, сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз 3 то 15 сол ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ мегӯяд, дар миёни маҳкумшудагон Шарифҷон Дадобоев-марди 70 сола низ ҳаст ва додгоҳ бо назардошти синну сол вайро танҳо ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст. 3 нафари дигар аз ин гурӯҳ қаблан низ зиндонӣ шуда будаанд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2001 фаъолияти Ҳизб–ут-Таҳрирро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард ва соли 2008 ин созмонро дар феҳристи созмону ҷунбишҳои ифротгаро ворид кард.
XS
SM
MD
LG