Пайвандҳои дастрасӣ

Мавориди даргузашт дар Маскав 50% боло рафтааст


Мизони маргу мир дар шаҳри Маскав дар моҳи июл нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 50 дарсад боло рафтааст. Соли ҷорӣ Русия бо гармои бесобиқа мубориза мекунад. Бино ба хабарҳо, дар давоми чанд даҳсола чунин гармо дар қаламрави Русия мушоҳида нашудааст. Егений Смирнова-як мақоми расмӣ дар дафтари сабти ном мегӯяд, дар давоми моҳи июл дар Маскав 14 340 мавриди даргузашти одамон сабт шудааст. Соли гузашта дар ҳамин моҳ 4 824 нафар камтар даргузаштаанд. Смирнова гуфтааст, гармо низ ба афзоиши шумораи даргузаштагон таъсир дорад.
XS
SM
MD
LG