Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боронҳои фоҷеабор дар Кашмири Ҳиндустон


Пулиси аёлати Кашмири Ҳиндустон мегӯяд, шаби гузашта дар натиҷаи бориши боронҳои шадид селоб ҷорӣ шудааст ва дастикам 58 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба гузоришҳо, селоб ба Леҳ-шаҳраки аслии ноҳияи кӯҳистонии Ладах дар аёлати Ҷамму ва Кашмир осеб расондааст. Аз сарбозон даъват шудааст, ки дар амалиёти наҷот кӯмак кунанд. Мақомот мегӯянд, ки даҳҳо нафар бедарак шудаанд ва шумораи қурбониён метавонад зиёд бошад. Минтақаи Ладах бо Чин ҳаммарз мебошад.
XS
SM
MD
LG