Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тариқ Азиз: Нируҳои Амрико набояд Ироқро тарк кунанд


Тариқ Азиз-нахуствазири давраи Саддом Ҳусейн дар Ироқ мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бояд ҳамчунон ба тасарруфи Ироқ идома диҳад, зеро хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ бад-он маъност, ки ин кишварро "ба дасти гургони гурусна бидиҳӣ". Тариқ Азиз, ки ба Саддом Ҳесейн ва ҳизби БААС кӯмак кардааст, то дар Ироқ 30 сол ҳукумат кунанд, ин суханонро дар зиндони Бағдод ҳангоми мусоҳиба бо як рӯзноманигор изҳор дошт. Вай дар давоми 7 соли зиндониаш бори аввал рӯ ба рӯ бо рӯзноманигоре сӯҳбат мекард. Вай барои ҷиноятҳои зидди башарӣ маҳкум ба зиндон шуда буд. Чанд рӯзи пеш Барак Обама гуфт, то поёни моҳи ҷорӣ ҳазорон нафар нируҳои таҳоҷумии Амрико аз Ироқ фаро хонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG