Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди шадиди пулиси Қирғизистон бо тазоҳуротгарон


Пулиси Қирғизистон сиёсатмадори баҳсбарангез Урмат Барктабасовро, ки талош дошт, издиҳоми тарафдоронашро ба Бишкек - пойтахти Қирғизистон ҳидоят кунад, ба ҳабс гирифт. Ҳамроҳ бо ӯ шаш нафари дигар низ боздошт шудаанд.

Нерӯҳои Қирғизистон барои пароканда кардани садҳо нафар аз тарафдорони Барктабасов, ки дар 15-километрии Бишкек ҷамъ омадаанд, аз тирандозӣ ба ҳаво, гази ашковар ва таркишҳои садоӣ истифода кард.

Хадамоти амнияти Қирғизистон мегӯяд, ҳарбиён зимни иттилое амал карданд, ки гӯё мардуми зиёди мусаллаҳе мехоҳад ба шаҳр ворид шуда, ҳукумати муваққатро сарнагун кунад. Бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди ҳамдиёрони Барктабасов, нерӯҳои қирғиз роҳҳои Бишкекро бастаанд.

Дар ин байн шоми дирӯз ҳазорон нафар дар рӯбарӯи бинои полумони Қирғизистон дар Бишкек ҷамъ омаданд, то пуштибонии худро аз бозгашти Урмат Барктабасов ба ватанаш намоиш диҳанд.

Тазоҳуркунандагон, тарафдорони Бариктобасов мегӯянд, Қирғизистон ба интихоботи порлумонӣ, ки барои моҳи октябр тарҳррезӣ шудааст, омода нест ва талаб доранд, бо президент Роза Отунбоева мулоқот кунанд. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, парвандаҳои зидди Барктабосов бекор карда шаванд.

Барктабасов, тоҷир ва пешвои минтақаӣ, панҷ сол пеш пас аз як талоши нокоми ғасби қудрат Қирғизистонро тарк карда буд.

Ситуация в Киргизии вновь обострилась
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG