Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати умури хориҷаи Амрико: Эрон фаъолтарин пуштибони терроризм аст


Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи терроризм, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, навиштааст: Эрон бо ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ховари Миёна ва Осиёи Миёна нақши бисёр бесуботкунанда дорад.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки давлати Эрон пуштибони аслии гурӯҳҳое аст, ки мухолиф бо раванди сулҳи Ховари Миёна ҳастанд.

Сипоҳи Қудс "бозӯи амалиёти хориҷии Эрон"

Куба, Эрон, Судон ва Сурия чаҳор кишваре ҳастанд, ки дар фасли севвуми гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди терроризми ҷаҳонӣ, ба унвони давлатҳои ҳомии терроризм муаррифӣ шудаанд.

Дар бахши вобаста ба Эрон гуфта шудааст, ки нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорон:

«Дар нақши бозӯи амалиёти хориҷии Эрон « ва «механизми аввалия барои эҷод ва ҳимояти терроризм ба шумор меравад».

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ки аз ҳангоми поёни ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ дар соли 2006, Эрон бар хилофи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ба таҷдиди таслиҳотии Ҳизбуллоҳ идома додааст.

Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико омадаст, ки Эрон ба омӯзиши гурӯҳҳои фаластинӣ идома дода пул ва аслиҳа дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад.

Тайи соли 2009, давлати Эрон миллионҳо долларро дар пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳи Лубнон харҷ намуда ва ҳазорон нафар аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳро дар урдугоҳҳое дар Эрон омӯзиш додааст.

Эрон аз Толибон низ ҳимоят мекунад

Дар ин гузориш ба омӯзиши аъзои «Толибон» тавассути давлати Эрон низ таъкид мешавад, ки нерӯи Сипоҳи Қудс омӯзишҳои вобаста ба воҳидҳои кучаки тактикиро ба Толибон ироа дода ва силоҳҳои сабук ва маводи таркандаро дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико илова бар ин омадаст, ки « Ба рағми тақозоҳои пайдарпай барои субот дар Ироқ, мақомҳои эронӣ ба ҳимоятҳои маргбор аз гуруҳои ситезаҷӯи шиа идома додаанд ва илова бар кӯмакҳои молӣ ва омузишӣ, онҳоро ба силоҳҳои гуногун мусаллаҳ кардаанд ,ки неруҳои амрикоӣ ва ироқиро ҳадаф қарор медиҳанд»

Эрон ҳамвора ҳимояти худро аз шибҳи низомиён ва гурӯҳҳои тундрави ироқӣ такзиб кардааст, аммо дар ҳимояти молӣ аз бархе гурӯҳҳои фаластинӣ гоҳе ошкоро рақами пулҳои дода ба онҳоро эълом мекунад ва ҳамвора ҳимояти таблиғотии худро аз онҳо дареғ намекунад.

Дар гузониши Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъияти терроризм дар соли 2007 ва 2008, аз Эрон ба унвони фаъолтарин давлати пуштибони терроризм ёд шуда буд.
XS
SM
MD
LG