Пайвандҳои дастрасӣ

Як афсари баландпояи Ингушистонро куштанд


Як афсари баландпояи пулис дар Ингушистонро куштаанд, ки ӯро додгоҳо ба қатли муассиси як вебсайти мустақил гунаҳкор дониста буд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ду фарди мусаллаҳи номаълум рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Назран, ба самти ду афсари пулис, ки дар қаҳвахона менишастанд, тир андохтанд. Иброҳим Евлоев, яке аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ва дуввумӣ дар бемористон ҳалок шудаст. Иброҳим Евлоевро соли гузашта дар қатли ғайриамдии Муҳаммад Евлоев, муассисаи вебсайти мустақили ингушетия ру гунаҳкор дониста буданд. Иброҳим Евлоев ду соли зиндони шартӣ гирифт ва ба кораш дар мақомоти пулис идома дод. Муҳаммад Евлоев соли 2008 баъди боздошт дар роҳ ба сӯи идораи пулис кушта шуд.
XS
SM
MD
LG