Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳосили ҷаҳонии гандум камтар шудааст


Муассисаи кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳосили ҷаҳонии гандум имсол назар ба пешбиниҳоим қаблӣ камтар хоҳад шуд, зеро ҳавои номусоиди дар ҳафтаҳои гузашта ба гандумзорҳо зиён расонидааст. Акнун пешбинӣ мешавад, ки имсол 651 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ мешавад, на 676 миллион тонна, ки моҳи июн гуфта буданд. Нигаронӣ аз захираи нокофии гандум дар ҷаҳон, бинобар хушксолии харобиовар дар Русия ва ҳам коҳиши ҳосили гандум дар Украина ва Қазоқистон, аз бузургтарин гандумпарварони ҷаҳон боло гирифтааст.
XS
SM
MD
LG