Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би Пи чоҳи рахнашудаи нафтро бо семент баст


Ширкати нафтии Би Пи мегӯяд, амалиёти пур кардани чоҳи зеридарёии харобшудаи нафт бо семент анҷом ёфтааст, ки фалокати азими муҳитизистиеро дар Амрико ба вуҷуд овард. Барои монеъ шудан ба резиши нафт ба дарё дар Халиҷи Мексика, баъди пур кардани чоҳ бо гил ба он семент рехтанд. Аммо амалиёти ба пуррагӣ бастани чоҳи нафт ҳанӯз хотима наёфтааст. Аз замони пайдоиши рахна дар чоҳи нафтӣ дар 15 ҳафтаи пеш, 5 миллион бушка нафт ба дарё рехтааст ва сеяки онро то кунун поккорӣ кардаанд ва ё худ аз роҳи табиӣ аз байн рафтааст.
XS
SM
MD
LG