Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки изофии Амрико ба Покистони гирифтори фалокат


Давлати Амрико ба Покистон ваъда дод, ки барои рафъи оқибатҳои селобҳои харобиовари бесобиқа ба он кишвар 25 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи сафорати Амрико дар Исломобод, дар маҷмӯъ кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ба Покистон то имрӯз ба 35 миллион доллар мерасад. Даҳ миллион доллар дар рӯзҳои аввали фалокат ба Покистон дода шуд. Кӯмаки 25 миллион долларии Амрико аз тариқи муассисаҳои байналмилалии имдодӣ барои таъмини мардуми осебдида бо ғизо, дармон ва сарпаноҳ дода мешавад. Боронҳои пайдарпай ва обхезиҳо рустоҳои зиёдеро дар шимолуғарби Покистон вайрон карда, сабаби марги 1400 нафар ва осеб дидани бештар аз 4 миллион тани дигар шуд.
XS
SM
MD
LG