Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сарони кишварҳои форсизабон дар Теҳрон


Имрӯз дар Теҳрон иҷлоси чоруми раҳбарони се кишвари форсизабон - Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон доир шуд, ки имкони рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории се кишвар, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими амнияти минтақа ва ба хусус Афғонистонро мавриди арзёбӣ қарор дод.

Мизбони нишаст президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор намуд, ки рушди равобити иқтисодии миёни Эрону Тоҷикистону Афғонистон ба нафъи ҳар се кишвар мебошад.

Ӯ аз пешниҳоди бунёди роҳи оҳан ва мошингарди миёни се кишвар пуштибонӣ кард: «Пешниҳоди роҳи оҳани аз Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон ҳалқаи иртиботии навест, ки бар нафъи ҳамаи ин кишварҳост. Ин роҳ ҳам амният ва ободонӣ хоҳад овард. Ҳоло созмонҳое ҳам омодаанд барои бунёди ин роҳ вом бидиҳанд ва мо низ ба ин тарҳ сармоягузорӣ хоҳем кард».



Маҳмуди Аҳмадинажод нерӯгоҳи барқу обии «Сангтуда-2»-ро, ки бо сармоягузории Ҷумҳурии Исломӣ дар Тоҷикистон бунёд мешавад, муҳим арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин аз мушкили интиқоли вагонҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ёдовар шуд, ки ишорае ба масъалаи боздошти қаторҳо дар қаламрави Узбакистон аст.

Ахиран мақомоти Эрон бо ишора ба боздоши вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон таъкид карда буданд, ки ин иқдом боиси ним сол таъхир ёфтани баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи «Сангтуда-2» хоҳад шуд, ки дар ҳоли баръакс тобистони соли равон ба тавлиди нерӯ шурӯъ мекард.

Президенти Тоҷикистон дар ин мулоқот ба зарурати таҳкими амният дар Афғонистон ишора кард ва аз ҷумла гуфт:

«Агар амнияту субот дар Афғонистон таъмин нашавад, ҳамаи тарҳҳои сеҷониба хаёли хоме беш нахоҳад буд ва дар рӯи коғаз хоҳад монд».



Президенти Тоҷикистон бо ишора ба захираҳои молии Эрон бо лаҳни шӯхиомез илова кард, ки агар Теҳрон солона як миллиард доллар ба Тоҷикистон ва як миллиард доллар ба Афғонистон сармоягузорӣ кунад, мушкилиҳои зиёде ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Дар идомаҳои баҳс раҳбарони кишварҳо ба зарурати ташкили як минтақаи озоди тиҷорат ва ҳатто имкони доду гирифти молу коло бо арзҳои маҳаллӣ табодули назар карданд.

Раҳбарони се кишвар мувофиқат кардаанд, ки нишасти навбатиашонро дар Кобул - пойтахти Афғонистон доир намоянд.
XS
SM
MD
LG