Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия судури ғалларо муваққатан манъ кард


Сарвазир Русия, Владимир Путин имрӯз эълон кард, ки кишвараш бо сабаби эҳтимоли камҳосилии имсола судури ғалларо муваққат манъ мекунад. Ин иқдом дар ҳоле гирифта мешавад, ки бар асари гармо ва сӯхтор наздик ба 20 дарсади ҳосили ғалла талаф шудааст. Путин гуфт, судури ғаллаи Русия аз 15-уми август то 31-уми декабр мамнӯъ хоҳад буд. Русия яке аз бузургтарин содиркунандагони ғалла аст ва тарси бозор аз коҳиши судури ғаллаи Русия сар аз аввали июн нархи онро 70 дарсад боло бурдааст.
XS
SM
MD
LG