Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай ба таҳқиқи иттиҳомоти фасод дастур дод


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, ба таҳқиқи фаъолияти чанд мақоми ҳукуматаш, ки бо иттиҳоми фасод боздошт шудаанд, дастур дод. Вай хостори ин шудааст, ки пажӯҳиш аз тарафи ду ниҳоди зиддифасод, Нерӯи расидагӣ ба ҷиноятҳои бузург ва Дафтари пажӯҳишҳои ҳассос ҷараён гирад, ки аз ҳимояти Ғарб бархӯрдоранд. Кори ин созмонҳо аз тарафи полиси Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё назорат мешавад.
XS
SM
MD
LG